Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи азими байналмилалии китоб дар Теҳрон бо ширкати Тоҷикистон


Теҳрон, пойтахти Эрон имрӯзҳо мизбони намоишгоҳи байналмилалии китоб аст. Намоишгоҳи азиме, ки садҳо ноширу нашриёт, аз ҷумла, аз Тоҷикистон дар он ҷамъ меоянду китобҳои хешро ба фурӯш мегузоранд. На камтар аз ду миллион муштарӣ ҳам дорад. Имсол шикоятҳо аз қимати китоб дар намоишгоҳ зиёд аст.

Ҳар сол дар ин фасл дӯстдорони китоб аз саросари Эрон ба Намоишгоҳи Байналмилалии Китоби Фаҷр дар Теҳрон мерезанд. То кунун бештар аз 2300 ношир барои ширкат дар намоишгоҳ сабти ном кардаанд.

Ноширони Ироқу Лубнон, Афғонистону Туркия ва Олмон дар ин ҷо ҳастанд. Намояндагии нашриёти азими олмонии "Спрингер" ҳам китобҳои худро овардааст.

Аз Тоҷикистон 400 номгӯй китобҳои тозанашр, аз ҷумла осори классикони тоҷику форс ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ ва китобҳои Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор ба намоиш гузошта шудааст.

Бо боз шудани намоишгоҳ дар соати 10 ба вақти Теҳрон, донишҷӯён, хонаводаҳо ва дӯстдорони китоб худро ба ғурфаҳои китобфурӯшӣ мезананду меҷӯянд, бо муаллифон сӯҳбат мекунанд ва бӯи китобҳои нав чопшударо мешаманд.

Амир Ҳусайн Мақомӣ, сокини Теҳрон мегӯяд, "одам дӯст дорад, ки куллан дар китобҳо ва одамоне, ки марбут ба интишорот мешаванд, бошад. Ҳоли одам инҷо хуб мешавад, одам энержӣ мегирад".

Намоишгоҳи азими байналмилалии китоби Теҳрон бо ширкати Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Бо вуҷуди ин ҳама шӯру шавқ, ноширон ба мушкилоти ҷиддие рӯ ба рӯ ҳастанд. Қиматҳо боло рафтаанд, талабот ҳам кам шудааст.

Ҳусайн Ҷовид, яке аз ноширон мегӯяд, фановариҳои нав як сабаби дигар аст: "Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки абзорҳое наве барои дарёфти дониш ва саргармӣ, барои мутолиа шакл гирифтаанд, табиатан теъдоди мухотабони осори катбӣ, ҳоло китобу маҷаллаву рӯзномаҳо камтар шудаанд. Мушкили дигар гаронии китоб аст".

Қимати китоб солҳои ахир болову болотар меравад, чун Эрон дар панҷаи таварруми баланд ва таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодии байналмилалӣ аст. Айни замон ба қавли ноширон, ҳукумат дар муқоиса ба солҳои гузашта ёронаҳои камтаре ба онҳо медиҳад. Дастгоҳҳои нашр ҳам аз хориҷ бо қимати гаронтар меоянд.

Ба гуфтаи ношири китоб Ҳусайн Ҷовид, ҳоло миллионҳо китоб дар интернет дастрас аст ва онҳоро метавон дар телефону таблету дигар абзорҳо электронӣ хонд. Аммо ба гуфтаи ӯ, бо ин ҳам, таваҷҷуҳ ба китобҳои маъмулӣ зиёд аст.

Муҳаммад Ризо Муродӣ, яке аз боздидкунандаҳо аз ин намоишгоҳ мегӯяд, ишқу алоқаи китоб дигар аст. "Албатта китобҳои савтӣ ва онлайн ҷойи худро доранд, аммо лаззати китоби рӯи даст дигар аст",-мегӯяд ӯ.

Намоишгоҳи 36-уми байналмилалии "Китоби Фаҷр", ки рӯзи 7 уми май оғоз ёфт, то рӯзи 17 уми май ва дар масҷиди Имом Хумайнӣ, яке аз масҷидҳои азим дар маркази Теҳрон, идома мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG