Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо барои лайк аз байн рафт. Марди 70-соларо озод мекунанд?


Камолиддин Шарофов
Камолиддин Шарофов

Бо бекор шудани ҷазои ҷиноӣ барои гузоштани "лайк" дар шабакаҳои иҷтимоӣ, наздикони бархе зиндониён умедвори озодии азизонашон ҳастанд. Баъди тасвиби ин қонун аз сӯи ду палатаи порлумон, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам рӯзи 14-уми май зери ин санад имзо гузошт. Ин муқаррарот тақрибан ҳафт сол амал кард ва бар асоси он зиёда аз якуним ҳазор касро ҷазо доданд.

Хонаводаи Камолиддин Шарофов дар шаҳри Исфара мунтазири озодии ӯ ҳастанд. Ин марди 70-сола соли 2023 ба ҷурми ифротгароӣ панҷ сол зиндонӣ шуд. Пайвандонаш гуфтанд, Камолиддин Шарофов ба писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гунаҳкор шуда, вале иттиҳомро напазируфт. Ба далели мушкили молӣ, ин хонавода натавонист вакили дифоъ гирифта, аз болои ҳукм шикоят баранд.

Хонаводаи Камолиддин Шарофов
Хонаводаи Камолиддин Шарофов

Ҳамсару духтари Камолиддин Шарофов тақрибан ҳар моҳ барои ӯ ба яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе ғизо мебаранд. Иноятхон Шарофова, ҳамсари ин мард мегӯяд, умед дорад, ки шавҳараш базудӣ ба хона бармегардад.

Шарофова аз шавҳараш ҳамчун инсони ростқавлу адолатхоҳ ном мебарад, ки назарашро оиди мушкилот ҷасурона мегуфт. “Ҳақиқатгӯ буданд. Баъзан гуфта меистодам, ки ин қадар ҳақиқатгӯӣ накунед, ба дили ҳамон одамон сахт мерасад.”

Видеоро инҷо бинед:

Ҷазои “лайк”-ро аз байн бурданд. Умедвории барои раҳоии баъзе аз зиндониён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Гулҷаҳон Шарофова, духтари Камолиддин Шарофов мегӯяд, падараш дар додгоҳ аз вазъи саломатиаш шикоят карда, хоҳони табобат шуда буд. Вале он замон додрас гуфтааст, ки дар зиндон табобат мегирад. Ба гуфтаи пайвандонаш, Шарофов аз замони боздошт хеле афгор шудааст. “Пояшон дард мекунад, асо гирифтаанд. Барои ҳамин аз вазъи саломатиашон шикоят мекунанд,” - афзуд духтари Камолиддин Шарофов.

Гулҷаҳон Шарофова ҳамчунин гуфт, “гарчанде падари ман айбдор бошанд” ҳам, "аз президент хоҳиш мекунем, ки ӯро озод кунанд."

Хонаводаи Камолиддин Шарофов умед бар он мебанданд, ки баъди ин муроҷиат дигар 500 километр роҳро тай карда, барои сарвари оила хӯрок намебаранд.

Зоҳиран дигар беш аз якуним ҳазор зиндоние, ки барои гузоштани "лайк" зиндонӣ шудаанд, ҳамин умедро доранд.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳамин қадар кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои ба гуфтаи мақомот дорои хусусияти ифротӣ ҷазо гирифтаанд. Моҳи апрел Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқдони тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар сурати амалӣ шудани қонун он ба гурӯҳе аз маҳкумшудагон низ дахл хоҳад дошт. Ӯ машварат дод, ки чунин нафарон бо ёрии вакилони дифояшон барои бозбинӣ шудани ҳукми додгоҳ муроҷиат кунанд.

Дар гузашта боздошту муҷозоти сокинон барои нашри маълумоти танқидӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои ҳомии ҳуқуқ "таъқиб барои танқид" номида буданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодии баёнро саркӯб ва норозиёнро зиндонӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG