Ин қарор банде аз сарқонуни ИМА-ро, ки ба тифлони зодаи ин кишвар ҳаққи шаҳрвандиро кафолат медиҳад, зери суол бурда ба ҳазорҳо навзоде, ки ҳар сол дар Иёлоти Муттаҳида таваллуд мешаванд, таъсир мегузорад.
Ҳафтаи гузашта, дар ҳоле, ки нӯҳ додрас бо маъмурияти Доналд Трамп қарори манъи пешниҳоди шаҳрвандӣ барои кӯдакони зодаи Амрикоро муҳокима мекарданд, гурӯҳе дар назди бинои Додгоҳи олӣ эътироз карданд. Ин тасмим як тағйири азим дар бардошт аз Қонуни асосии Амрико мешавад ва ба сарнавишти ҳазорон кӯдаке, ки ҳар сол инҷо ба дунё меоянд, таъсир мегузорад.
Додситон Ҷон Сауэр аз маъмурият ҷонибдорӣ кард ва гуфт: “Ин дастур мӯҳтавои қаблии ислоҳоти банди 14-и қонуни асосиро ифода мекунад, ки пешниҳоди шаҳрвандиро ба атфоли ғуломон кафолат медод, на ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва меҳмонони муваққатӣ”.
Трамп моҳи январ дар нахустин рӯзи кориаш дар мақоми президенти ИМА қарореро имзо кард, ки бар асоси он шаҳрвандии кӯдаконе, ки дар Амрико зода шудаанд, вале касе аз волидонаш, шаҳрвандӣ ва ё “грин корт” надоранд, бояд бекор карда шавад.
Додрас Соня Сотомайер дар ҷарраёни муҳокима гуфт, бовар дорад ин дастур қарорҳои сершумори Додгоҳи олиро дар робита ба шаҳрвандон зери суол мебарад. “Агар мо аз ин гуна амалҳои ғайриқонунии ҳукумати иҷроия ҳарос дорем, дар ниҳоят Конгресс аст, ки масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад, вале агар мо ба чунин бовар бошем, чаро бояд иҷоза диҳем, ки амалҳои ғайриқонунӣ нисбати нафарони бешумор татбиқ шавад?”
Дар банди 14-уми қонуни асосӣ гуфта мешавад, ки тамоми “афроде, ки дар Амрико таваллуд шуда ва ё ҳаққи шаҳрвандӣ гирифтаанд ва зери ҳимояти давлат қарор доранд, шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида эътироф мешаванд.”
Мухолифон бар инанд, ки ин дастури Трамп ин банди қонунро нақз мекунад. Николас Браун, додситони Вашингтон мавзӯъро ба хабарнигорон шарҳ дод. Ӯ гуфт: “Ба ин тартиб, онҳоеро пайдо мекунанд, ки на танҳо аз ҳаққу имтиёзот ва ифтихори амрикоӣ будан маҳрум мешаванд, балки метавонанд умуман бешаҳрвандӣ монанд. Бо ин кӯдакон мо чӣ кор мекунем? Ба мушкилоти онҳо чӣ гуна мусоидат мекунем?”
Додрасҳо бештар ба дархости маъурияти Трамп барои коҳиши қарорҳои бекоршуда аз сӯйи додгоҳҳои федералӣ дар аёлатҳо, аз ҷумла дар Вашингтон, ки дастури ӯро дар саросари кишвар масдуд карда буданд, таваҷҷӯҳ карданд.
Зоҳиран додрасҳои муҳофизакор дар додгоҳ барои маҳдуд кардани имконияти додрасҳои зинаҳои поёнӣ дар тасвиби қарорҳо, омода буданд. Вале онҳо ҳам намехостанд бидуни омӯзиши паҳлӯҳои ҳуқуқии амри Трамп тасмиме бигиранд. “Шумо чӣ фикр мекунем, чӣ тавр мо бояд ба ин масъала расидагӣ кунем?” – суол кард Нил Горсач, додраси муҳофизакор.
Ҳайати додгоҳӣ дар ҳоли ҳозир аксаран аз муҳофизакорон, аз ҷумла се додрасе иборат аст, ки дар давраи аввали президентии Доналд Трамп аз сӯйи ӯ таъин шуда буданд.
Гуфтугӯ