Оғои Мирзо ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки идомаи ҳамкорӣ бо Созмони байнулмилалии муҳоҷират ва соир дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ дар ин замина битавонд дастёбӣ ба аҳдофро дар ин росто осонтар кунад, аҳдофе назири мубориза бо қочоқ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир ва ғайра.
Дар ҳамин ҳол Треси Ҷейкобсон, сафири Амрико дар Душанбе, ки дар ин маросим ҳузур дошт, гуфт, кишвараш аз ин ба баъд низ омодаи кӯмак ба нирӯҳои марзбонӣ барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон мебошад. Хонум Ҷейкобсон аз ҷумла баргузории давраҳои омӯзишии муштаракро бо ҷониби Афғонистон ба ин далел муҳим арзёбӣ кард. Хонум Ҷейкобсон мегӯяд, «агар мо хостори амният ва суббот дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бошем, пас бисёр муҳим аст, ки марзбонони ду кишвар бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд ва омӯзиши муштарак бубинанд. Баргузории ин давраҳои омӯзишиимуштарак ба маънои фаро гирифтани технология ва усулҳои кор дар марз мебошад ва барои ҳамкориимуштарак муфид аст».
Сафири ИМА дар Душанбе ҳамчунин афзуд, бо мусоидати кишвраш дар ҳоли ҳозир ҳамчунин чандин гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва дидбонгоҳҳои марзӣ дар ҳоли таъмиру тамрин ва бозсозии дубора аст. Ва инчунин дар бозсозии сотмони академияи марзбонӣ саҳм мегирад.
Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар соли 2005 назорати комили марзҳои Тоҷикистонро аз нирӯҳои марзбонии Русия ба ихтиёри худ гирифтанд. Ин нирӯҳо то як ҳафтаи дигар 15-солагии таъсиси худро таҷлил мекунанд ва феълан низ дар ҳоли ташаккул ва тақвият қарор доранд.