Субҳи панҷшанбе, охирин бригадаи ҷангии ИМА аз хоки Ироқ берун шуд, вале ҳанӯз ҳам дар гӯшаҳои мухталифи ин кишвар як идда воҳидҳои ҷангии Амрико мустақар ҳастанд. Аслан бар пояи барномаи президенти ИМА Барак Обама то охири моҳи равон, тамоми воҳидҳои ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА аз қаламрави Ироқ берун мешаванд.
Субҳи панҷшанбе, охирин бригадаи ҷангии ИМА аз хоки Ироқ берун шуда, собит намуд, ки барномаи президенти ИМА Барак Обама дар мавриди беруншавии сарбозони ИМА аз Ироқ тибқи нақша то охири моҳи августи соли 20101-ум иҷро мешавад.
Хуллас, ҷанги Ироқ ҳам аз ҷанги шаҳрвандии Амрико ва ҳам аз ҷангҳои Якуму Дуюми ҷаҳонӣ тӯлонитар будааст. Рӯзи чоршанбе дар Вашингтон сафири ИМА дар Ироқ Кристофер Ҳил гуфт, таҷрибаи 16 моҳи кор дар Ироқ ӯро мутмаин кардааст, ки кор дар самти дуруст аст:
"Вазъи амниятӣ, ки хеле ҳам душвор буда ба сатҳи қонеъкунанда нарасидааст, ба тадриҷ беҳбуд меёбад. Нерӯҳои ироқӣ ба ҳалли мушкилиҳои амниятӣ қодиранд. Мушкилиҳо боқӣ хоҳанд монд. Хатоҳо низ ҷой хоҳанд дошт. Мо ҳам хато карда будем. Онҳо аз хатоҳояшон сабақ хоҳанд омӯхт. Ҳамон тавре ки мо низ аз саҳву хатоҳоямон сабақ гирифта будем. Ба фикрам шумо шоҳиди беҳбуди вазъи амниятӣ хоҳед шуд."
Дар ҳоле ки Ҳил ибрози назар мекард, бар асари таркиши канори роҳ ва дигар ҳамлаҳои ошӯбгарон дар Ироқ панҷ ходими ҳукуматӣ кушта шуданд. Як рӯз пеш аз он бомбгузори маргталаб болои маркази даъвати сарбозон ба хидмат ҳамла карда, 61 нафарро ба ҳалокат расонд.
Бар илова аз замони интихоботи парламентии Ироқ панҷ моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, то имрӯз ду эътилофи сиёсии ғолиб ба ташкили ҳукумати нави Ироқ муваффақ нашудаанд.
Хуллас, сарбозони ИМА аз Ироқ дар ҳоле берун мешаванд, ки хушунат ва бесарусомонии сиёсӣ дар ин кишвар хотима наёфтааст. Назари коршиносон
Муҳсин Милланӣ: То кунун гурӯҳҳои сиёсии Ироқ натавонистаанд, бо вуҷуди баргузории интихобот ҳукумат ташкил бидиҳанд. Ва баъди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ низ вазъияти буғранҷи Ироқ идома пайдо хоҳад кард.
Исмоил Раҳматов: Берун шудани нерӯҳои ИМА аз Ироқ ин ба нафъи авзоъ дар он кишвар ва умуман минтақа дар ҳоли ҳозир нест.