Ахиран расонаҳои Тоҷикистон аз тақдими ҷоизаи Шӯрои Аврупо ба раисиҷумҳури ин кишвар хабар доданд.
Бар пояи ин матолиб дар расми эълони барандаи ин ҷоиза, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо ширкат ва зимни суханронӣ изҳори сипос кардааст, ки ба як чунин мукофоти олӣ Эмомалӣ
Яке аз меъёрҳои ин созмон, ки бар асоси он шахс баранда дониста мешавад, таъмини рушди устувор ва босуръати иқтисод, ташаккули бозори озоди иқтисодӣ дар кишвар, тақсимоти дурусти даромадҳо ва ҳифзи адолати иҷтимоӣ дар кишвар будааст...
Он гуна ки дар торнамо ва ё вебсайти он дида мешавад, муассисаи баҳсбарангезе аст. Раҳбари он ҳам проффесори таърихшинос аз Руминия, Антон Караҷа, аст.
Дар зимн, ин унвон ё ҷоизаеро, ки "Пешвои асри 21" номгузорӣ шудааст, ин созмон на танҳо ба ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, балки ба раисиҷумҳури Туркманистон -- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов низ додааст
Агарчӣ тавре маълум, Туркманистон аз назари озодиҳои маданӣ ва ҳуқуқи инсон аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бадтарин баҳоро мегирад ва аз ноозодтарин кишварҳои ҷаҳон дониста мешавад.
Аммо интишори ин хабар дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон вокунишҳоеро ба бор овардааст. Зеро то ҳамин акнун созмонҳои аврупоӣ Тоҷикистонро як кишвари худкома ва ғайридемократӣ арзёбӣ карда ва онро дар радифи даҳ кишвари фасодзадаи олам мавқеъ додаанд ва аз сӯи дигар ин созмонҳо иқтисоди Тоҷикистонро як иқтисоди дар ҳоли суқут меҳисобанд
СӮҲРОБ ШАРИФОВ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин ҷоиза сазовор шудани президенти Тоҷикистонро як ғалаба хонд ва ақида дорад, ки раиси давлати Тоҷикистон ҳатто ба мукофоти Нобелӣ низ сазовор аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Назари Сӯҳроб Шарифовро бишнавед
Яке аз меъёрҳои ин созмон, ки бар асоси он шахс баранда дониста мешавад, таъмини рушди устувор ва босуръати иқтисод, ташаккули бозори озоди иқтисодӣ дар кишвар, тақсимоти дурусти даромадҳо
Аммо ҲОҶИМУҲАММАД УМАРОВ, донишманди соҳаи иқтисод аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки аз рӯи кадом меъёр метавон иқтисоди Тоҷикистонро рушдкарда ва ё ҳатто дар ҳоли рушд арзёбӣ кард. Дар ҳоле ки якуним миллион сокини он барои ҷустуҷӯи кор дар хориҷ аз кишвар аст ва тӯли бист соли истиқлол кадом як корхонаи санъатии нерӯмандеро ҳам насохтааст ва аз тарафи дигар тиҷорат дар ин кишвар асосан дар дасти як гурӯҳ мебошад: