Маскав ва Киев дар бораи табодули асирони ҷангӣ тавофуқ карданд

Аввалин гуфтугӯи сулҳ миёни Русия ва Украина пас аз беш аз се сол, рӯзи ҷумъа, 16 май дар Истанбул баргузор шуд ва пас аз ду соат поён ёфт.

Рустам Умаров, вазири дифои Украина, ки раҳбарии ҳайати кишвараш дар ин музокиротро бар ӯҳда дорад, дар поёни ин нишасти дусоата гуфт, ки тарафҳо дар мавриди мубодилаи асирони ҷангӣ, ба созиш расиданд.

Ҳамзамон эълон шуд, ки президентҳои Украина ва Фаронса ҳамроҳ бо садри аъзами Олмон ва нахуствазирони Лаҳистон ва Бритониё як конфронси телефонии муштарак бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, баргузор кардаанд.

Тибқи гузориши расонаҳо, ҷониби Украина Русияро ба матраҳ кардани хостаҳои "ғайри қобили қабул" дар ин музокирот, муттаҳам кардааст.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як манбаи украинӣ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, ки ҳайати русӣ хостаҳоеро матраҳ кардааст, ки "рабте ба воқеият надошта, бисёр фаротар аз мавориде аст, ки қаблан мавриди баҳс қарор гирифтааст".

Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз як манбаи украинӣ эълон кард, яке аз хостаҳо ин аст, ки "Украина нерӯҳояшро аз бахшҳои васеъе аз хоки худ хориҷ кунад, то оташбас барқарор шавад".

Ин ишораи ошкор ба чаҳор минтақа -- Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон аст, ки Русия бахше аз онҳоро ишғол кардааст ва беасос иддао мекунад, ки ҷузъи хоки ин кишвар ҳастанд. Украина бахшҳое аз ин минтақаҳо, аз ҷумла, марказҳои Запороже ва Херсонро дар ихтиёр дорад.

Кейр Стармер, нахустазири Бритониё мегӯяд, раҳбарони аврупоӣ ва Доналд Трамп ба ин назаранд, ки мавзеи Русия дар гуфтугӯҳои оташбас дар Украина, ғайри қобили қабул аст.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт, "мо ҳоло бо президент Зеленский мулоқот доштем ва сипас бо президент Трамп телефонӣ тамос гирифтем, то дар бораи музокироти имрӯз гуфтугӯ кунем ва мавзеи Русия ба таври ошкоро ғайри қобили қабул аст".

Нахустазири Бритониё афзуд, "мо акнун вокунишҳои худро аз наздик ҳамоҳанг мекунем".

Бо ин ҳол, Владимир Мединский, раиси ҳайати Русия дар ин музокирот, аз натиҷаҳои он ибрози ризоят кард ва гуфт, ки Маскав омодаи гуфтугӯ бо Киев аст.

Ӯ изҳор дошт, Русия ва Украина барои табодули ду ҳазор асири ҷангӣ дар рӯзҳои оянда, ба созиш расиданд.

Мединский афзуд, "тарафи украинӣ хостори гуфтугӯҳои мустақим байни раҳбарони кишварҳо шуд. Мо ин дархостро дар назар мегирем".

Раиси ҳайати Русия дар идома гуфт, "мо созиш кардем, ки тарафҳо дидгоҳҳои худ дар бораи оташбаси эҳтимолӣ дар ояндаро ироа кунад".

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи ҷумъа пас аз музокироти Истанбул дар ҳамоише дар пойтахти Албания зимни суханронӣ гуфт, "авлавияти рақами яки Киев, барқарори оташбаси комил, содиқона ва бе ягон қайду шарт аст".

Ӯ гуфт, агар ҳайати русӣ дар Истанбул бо оташбас мувофиқат накунад, "ҷаҳон бояд вокуниш нишон диҳад. Бояд вокуниши шадиде, аз ҷумла, таҳрими бахши энержии Русия ва бонкҳо, сурат гирад".

Маскав дархостҳои Украина, кишварҳои аврупоӣ ва Амрико барои оташбаси комил ва қобили тамдиди 30-рӯзаро рад карда ва гуфтааст, ки оташбас танҳо дар натиҷаи музокирот ҳосил мешавад.