Як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик, ки аз Хуҷанд ба Красноярск мерафтанд, дар роҳ дармондаанд. Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, баъди даромадан ба Русия чархи мошинашон шикаста, касе дигар суроғашон намекунад. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки шаш рӯз боз дар роҳ ҳастанд.
“На ягон автобус мефиристанд, ки омада моро барад, на автобусро дуруст мекунанд. Шаш рӯз шуд фақат обу нон мехӯрем, ягон хӯроки гарм нест,”-мегӯянд муҳоҷирон дар навори фиристодаашон.
Муҳоҷирон дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, мегӯянд, онҳоро Муқаддас ва Аюб ном шахсон ба Русия фиристоданд. Талошҳои мо барои пайдо кардани ин нафарон бенатиҷа буд. Дар сурати муроҷиат кардан, назари онҳо ба матн илова карда мешавад.
Ҳамасола садҳо муҳоҷири тоҷик бо сабаби гарон будани билети ҳавопаймо, аз тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия мераванд. Сафар бо мошин ва автобус осон нест, вале муҳоҷирон мегӯянд, маҷбуранд ин азобро тоқат кунанд.
Дар гузашта ҳам муҳоҷирони тоҷик, ки аз тариқи автобус ба Русия мерафтанд, аз сарсонӣ дар роҳҳо шикоят кардаанд.