Трампу Путин дар бораи чӣ гуфтугӯ карданд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки Русия ва Украина барои хотима додан ба ҷанги сесола бе ҳеч таъхире ба музокирот доир ба оташбас оғоз мекунанд. Ӯ дар ин бора пас аз гуфтугӯи дуввунимсоатаи телефонӣ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сӯҳбат кард.