Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ бори аввал ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
“Истиқлол” дар бозии марказии даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки 17-уми май дар варзишгоҳи “Кӯлоб Арена” бо ҳузури беш аз 17 ҳазор тамошобин доир гардид, аз тими мизбон – “Равшан” – бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт.
Тӯбро Аҳтам Назаров, ҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 38-ум ба дарвозаи худ зад. Ин бохти аввалини “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко дар мавсими имсола ба шумор меравад.
“Равшан” бошад, зери раҳбарии Дмитрий Черишев, мутахассиси русиягӣ, пирӯзии панҷуми худро дар қаҳрамонии имсолаи Тоҷикистон ба даст овард.
Дарвоқеъ, танҳо як даста - “Вахш”-и Бохтар – то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст. Бохтариҳо 16-уми май дар майдони худ бозии даври 9-умро бо тими “Ҳулбук”-и Восеъ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд.
Ҳисобро дар дақиқаи 57-ум ҳамлагари меҳмонон Хайриддин Турахонов кушод. Баъди 17 дақиқа голи ҷавобиро ҳимоятгари мизбонон Тони Бикатал, легионер аз Камерун, ба самар расонд.
Чаҳор бозии дигари даври 9-уми мусобиқот бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: “Истаравшан” (Истаравшан) - “Барқчӣ” (Ҳисор) - 2:0, “Эсхата” (Хуҷанд) - КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе) – 0:2, «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 3:0, «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Ҳосилот» (Фархор) - 1:0.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол” бо 21 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Вахш” бо 20 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. “Равшан” бо 19 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардааст.
Тоҳир Муъминов, ки сармураббии нави дастаи «Истаравшан» таъйин шуд, корашро бобарор оғоз намуд. Истаравшаниҳо бо 9 имтиёз минтақаи хатарнокро тарк карданд.
“Панҷшер” ягона дастаест, ки дар мавсими имсола шаҳди ғалабаро начашидааст ва бо ду имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок мекунад. Мусобиқот дар ду давра барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ
Даври 9-ум
16-уми май (ҷумъа)
«Вахш» – «Ҳулбук» - 1:1
«Истаравшан» – «Барқчӣ» - 2:0
17-уми май (шанбе)
«Равшан» – «Истиқлол» - 1:0
«Эсхата» – КМВА – 0:2
18-уми май (якшанбе)
«Хуҷанд» – «Панҷшер» - 3:0
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот» - 1:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 10 | 6 | 3 | 1 | 13-5 | 21 |
2 | «Вахш» (Бохтар) | 10 | 5 | 5 | 0 | 17-10 | 20 |
3 | «Равшан» (Кӯлоб) | 10 | 5 | 4 | 1 | 13-6 | 19 |
4 | КМВА (Душанбе) | 10 | 5 | 3 | 2 | 17-9 | 18 |
5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 10 | 5 | 1 | 4 | 13-13 | 16 |
6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 10 | 4 | 3 | 3 | 18-16 | 15 |
7 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 10 | 4 | 2 | 4 | 12-10 | 14 |
8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 10 | 2 | 4 | 4 | 12-13 | 10 |
9 | «Ҳосилот» (Фархор) | 10 | 2 | 3 | 5 | 11-15 | 9 |
10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 10 | 2 | 3 | 5 | 13-18 | 9 |
11 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 10 | 2 | 3 | 5 | 8-15 | 9 |
12 | «Панҷшер» (Балхӣ) | 10 | 0 | 2 | 8 | 5-22 | 2 |