Бастрикин: 20 ҳазор шаҳрванди Русия аз ҳисоби муҳоҷирон дар ҷабҳа ҳастанд

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин гуфт, ки ба муффаттишони ин ниҳод супориш дод, ки ҳамроҳ бо кормандони ВКД ва Росгвардия дар рейдҳои «маҳалли таҷаммӯи муҳоҷирон» иштирок карда, онҳоеро, ки шаҳрвандии Русияро гирифта худро ба қайди ҳарбӣ надаровардаанд, мушаххас кунанд.

Бастрикин, ки бо шеваи бисёр бераҳмонаву гоҳо ғайриқонунии саркӯби муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунад, рӯзи 20 май дар ҳамоиши ҳуқуқшиносони Петербург суханронӣ кард. Ӯ аз ҷумла, гуфт, 80 ҳазор «чунин шаҳрвандони Русия» аллакай «қапида шудаву» 20 ҳазор «шаҳрванди ҷавони Русия, ки бо чӣ сабабе зиндагӣ дар Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистонро хуш надоранд, дар ҷабҳа қарор доранд».

Инчунин, раҳбари Кумитаи тафтишот гуфт, ба Русия таҳти номи муҳоҷирон «ҷинояткорони оянда» сафар мекунанд ва онҳоро «қапида» ба ватанашон баргардонидан лозим аст, то ки «ҷиноятро он ҷо, на дар Русия содир кунанд».

Сохторҳои ҳифзи қонуни Русия ҳар сари чанд вақт рейди зидди муҳоҷиронро барпо карда, ба онҳое, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, ба дасташот даъватномаи хидмати ҳарбиро супурда ба ҷанг мефиристанд. Баъзе ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки онҳоро бо тарсу таҳдиди бекор кардани шаҳрвандиашон ба имзои созишнома бо вазорати дифоъ маҷбур мекунанд.

Соле пеш Бастрикин гуфт, ки ходимони ҳифзи қонун беш аз 30 ҳазор муҳоҷирро «қапидаанд», ки шиносномаи Русияро гирифта, вале худро ба қайди ҳарбӣ нагузоштаанд. Ӯ гуфт, тахминан 10 ҳазор нафари онҳо ба воҳидҳои ақибгоҳ барои «хандақканӣ ва сохтани такягоҳ» бурда шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ба муҳоҷирон хона тақсим мекунем?" Моҷарои оилаи дигари тоҷик дар РусияИдомаи моҷарои Таҳмина Самадова. Поёнаш чӣ хоҳад буд?Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро таҳқиқ кунанд