Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки рӯзи 20 май дар Ҳамоиши ҳуқуқшиносони Петербург суханронӣ кард, зиёни молӣ аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус”-ро дар моҳи марти соли гузашта 6 миллиард рубл арзёбӣ намуд. Бастрикин, ки ширкатдорони ин ҳамоишро бо ҷараёни тафтишоти ҳамлаи пурқурбонӣ ошно мекард, гуфт, чунин арзёбиҳо дар санадҳои додгоҳӣ ҳам ёд мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, қарор аст базудӣ парванда ба баррасии додгоҳӣ фиристода шавад.
ТАСС дар нақли қавл аз Бастрикин навишт, ки “тамоми парвандаи ҷиноии “Крокус” 500 ҷилдро ташкил медиҳад. Кори азими тафтишотӣ анҷом шудаст. 300 назорат, 2,5 ҳазор санҷиши судӣ барпо шудааст. Базудӣ парванда ба додгоҳ ирсол мешавад”. Ӯ гуфтааст, шумори ҷабрдидаҳои ҳамлаи “Крокус” 2307 нафар ҳисоб шудааст. Аз ин пеш ин рақам 1,7 ҳазор нафарро ташкил медод.
Бастрикин дар ин суханрониаш аз вокуниши сареи ходимони Кумитаи тафтишотӣ, ВКД ва ФСБ-и Русия ситоиш кардааст. Ӯ гуфтааст, ки аз рӯи ин ҳодиса 19 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Ҳамла ба толори консертии «Крокус сити ҳолл» дар вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 яке аз мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар салҳои охир дар Русия дониста мешавад. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки иҷрокунандагони асосии ин ҳамла шаҳрвандони Тоҷикистон ва тарафдорони Шохаи Хуросони ДОИШ мебошанд, ки гӯё бо фармоиши Украина ин корро кардаанд.
Украина чунин иттиҳомҳоро рад карда онро комилан беасос номидааст.
Вале санҷидани дурустии ҳама иддаоҳои мақомоти рус тавассути манбаъҳои мустақил мушкил аст. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз оғоз аз шеваи боздошту ҳабси гумонбарони ҳамла сахт интиқод карда онро “шиканҷаи намоишкорона” ҳам номиданд. Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, боздоштшудаҳо - муҳоҷирони корӣ мебошанд, ки таҳти шиканҷаҳои бераҳмона метавонистанд кори нокардаро ҳам ба гардан бигиранд.
Баъди ҳамла ба “Крокус” мақомот дар Русия сиёсати муҳоҷират дар ин кишварро фавқулодда сангин карда, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору фаъолияти озоди коргарони хориҷиро ба роҳ монданд.