Bloomberg: Путин  бовар дорад чор минтақаи Украинаро пурра ишғол мекунад

Оҷонсии Bloomberg менависад, ки президенти Русия Владимир Путин бовар дорад, ки артишаш то охири соли ҷорӣ метавонад муқовимати укриниҳоро шикаста назорати пурраро дар минтақаҳои Донетск, Луҳанск, Запорожйе ва Херсон ба даст оварад.

Хабаргузорӣ навиштааст, ки ин маълумотро аз як манбае гирифтааст, ки бо «андешаҳои» Путин ошно мебошад. Оҷонсӣ навиштааст, ки дар сӯҳбати телефониаш бо президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи душанбе Путин ба талаби ӯ дар бораи гузаштҳои ҷиддӣ розӣ намешавад.

Трамп хостори хатми билофосилаи ҷанг аст, вале Путин ҳеҷ аломате нишон намедиҳад, ки хоҳишманди қатъи амалиёти ҷангӣ аст, навиштааст Bloomberg.

Яке аз мусоҳибони ин оҷонсӣ гуфтааст, раҳбарони Фаронса, Олмон ва Бритониё дар сӯҳбати телефонӣ бо Трамп талош карданд ба ӯ фаҳмонанд, ки Путин ӯро махсус “гул мезанад”. Bloomberg менависад, ки дар ин мулоқот инчунин президенти Украина Владимир Зеленский ҳам иштирок намуд, вале ӯ «аз ҳодисаҳои ҳафтаи гузашта бисёр хаста намудор буд». Трамп ваъда додааст, ки Зеленский ва дигар муттафиқони НАТО-ро дар бораи натиҷаҳои сӯҳбаташ бо Путин хабардор мекунад.

Соли 2022 Маскав, дар ҳоле, ки чор минтақаро пурра ишғол накарда буд, иддао намуд, ки онҳоро зери назорат даровардааст. Русия ошкор талаб дорад, ки ин минтақаҳоро марбут ба Русия эълон кунанд ва чанд матбуот ҳам гуфт, ки ин талабро дар гуфтугӯҳои Истанбул рӯзи 16 май ҳам намояндагон Русия такрор кардаанд. Украина мегӯяд, ки ҳеҷ яке аз минтақаҳояшро гузашт намекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Трамп аз суҳбати телефонӣ бо Путин хабар додҲузур наёфтани Путин дар музокироти сулҳ умедҳо барои поёни ҷангро коҳиш додааст