Боздошти даҳҳо ноболиғ дар Доғистон

Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистони Русия ходимони ҳифзи қонун дар давоми се рӯзи гузашта – аз 16 то 18-уми май 67 ноболиғро боздошт карданд. Сомонаи Кавказ.Реалии менависад, ки нисбати бист нафари онҳо барои авбошӣ ва 35 нафар аз падару модарҳо барои дуруст иҷро накардани масъулиятҳои падару модариашон протокол тартиб дода шудааст.

Наврасонро дар ширкат дар занозаниҳои гурӯҳӣ айбдор мекунанд. Фарзия ин аст, ки ин нафарон аз натиҷаҳои як мусобиқа оид ба гӯштигирӣ норозӣ шуда таввассути шабакаҳои иҷтимоӣ якдигарро барои иштирок дар занозании гурӯҳӣ даъват намуданд.

Дар ин занозанӣ ноболиғони сокини шаҳрҳои Қизлар ва Махачқалъа иштирок карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Боздошти муҳоҷирон барои занозании гурӯҳӣ дар Русия“Муҳоҷирони тоҷикро бурданд, аммо ҷавоб доданд”