Дар дави миллӣ ва марафони дучархаронӣ 269 ҳазор иштирок карданд

Акс аз бойгонӣ

18-уми май дар саросари Тоҷикистон дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ё дучархаронӣ доир гардид. Ин чорабинии оммавӣ ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23-юми май таҷлил мегардад, бахшида шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар дави миллӣ имсол наздики 250 ҳазор нафар ва дар марафони дучархаронӣ беш аз 19 ҳазор нафар иштирок карданд.

Дар шаҳри Душанбе дави миллӣ ва марафони дучархаронӣ субҳи рӯзи якшанбе аз дидбонгоҳи “Чорбоғ” оғоз шуда, тавассути кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” давом кард.

Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон аз соли 2007 "бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавияти он миёни аҳолӣ" ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад.

Ба ғолибон ва иштирокдорони фаъоли дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ҷоизаҳо супурда шуд.