Дар Маскав барои муҳоҷирон тартиби нав ҷорӣ  карданд

Думаи давлатии Русия бо қабули қонуни нав муҳоҷиронро муваззаф кард, ки дар шаҳр ва вилояти Маскав макони ҷойгиршавии худро ҳар рӯз ба пулис хабар диҳанд. Қонун рӯзи 20-уми май қабул шуд.

Бар асоси ин санад, аз 1-уми сентябри имсол дар шаҳри Маскав ва вилояти ҳамноми он, таҷрибаи нав дар бораи макони ҷойгиршавии муҳоҷирон ҷорӣ мешавад.

Ин тартиб муҳоҷиронро муваззаф мекунад, ки тариқи барномаи махсуси телефонӣ, дар куҷо будани худро ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ хабар диҳанд.

Агар мақомоти Русия дар муддати се рӯз ё бештар аз он дар бораи дар куҷо будани муҳоҷир маълумот нагиранд, пас ин шаҳрванди хориҷӣ ба рӯйхати шахсони зери назорат ворид карда мешавад. Ворид шудани номи шахс ба ин рӯйхат будубоши ӯро дар Русия манъ мекунад.

Ба ҷуз муҳоҷирон, тартиби нав барои ҳама шаҳрвандони хориҷие амалӣ карда мешавад, ки ба муддати зиёда аз 90 рӯз вориди Маскав ва вилояти ҳамноми он мешаванд. Дипломатҳо, хонаводаи онҳо ва шаҳрвандони Белорус аз ин иҷрои ин муқаррарот озоданд.

Ин тартиб дар навбати аввал ба муддати чор сол ва танҳо дар вилоят ва шаҳри Маскав амалӣ мешавад. Дар назар аст, ки сар аз соли 2029 ин муқаррарот дар тамоми Русия ҷорӣ шавад.

Баъди соли 2024 Русия барои муҳоҷирон қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кард.