Дар шаҳри Истанбули Туркия музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина баргузор шуд ва ҳайатҳо дар гуфтугӯҳо танаффус эълон карданд. Дар оғози нишаст вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан суханронӣ кард. Фидан гуфт, ки низои байни ду кишвар дар марҳилаи ҷиддӣ қарор дорад. Хатми ҳарчи зудтари оташ аҳамияти бисёр муҳим хоҳад дошт, гуфт ӯ.
Дар марказ: Вазирони хориҷаи ИМА ва Туркия - Марко Рубио ва Ҳоқон Фидан
Фидан таъкид кард, ки музокироти имрӯза аввалин бор баъди шурӯи ҷанг дар соли 2022 ба таври мустақим барпо мешавад ва ин гуфтугӯҳо заминаи мулоқоти ояндаи раҳбарони Украина ва Русия – Владимир Зеленский ва Владимир Путинро таъин хоҳад кард.
Раҳбарии ҳайати Русияро ёвари президент Владимир Мединский ва аз Украинаро вазири дифоъ Рустам Умаров ба ӯҳда доранд.
Хабаргузории Интерфакс пеш аз нишаст гуфт, ки ҷониби Русия тақозо кардааст, ки намояндагони Туркия вақти гуфтугӯҳо толорро тарк кунанд, вале вазири корҳои хориҷӣ дар маҷлисгоҳ мондааст. Матбуоти украинӣ навишт, ки ҳайати ин кишвар дар нишаст бо забони модарӣ ва бо ёрии тарҷумон сӯҳбат мекунад. Вале хабарнигори RT дар Телеграм каналаш навишт, ки музокирот ба забони русӣ ҷараён дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳузур наёфтани Путин дар музокироти сулҳ умедҳо барои поёни ҷангро коҳиш додаастЗеленский ба Туркия расидПутин ба музокироти мустақими ҳайатҳои Украина ва Русия нарафт