Рӯзи 19-уми май дар як бинои марбут ба Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар задааст. Навори ин сӯхтор ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам роҳ ёфт.
Хадамоти оташнишонии кишвар дар як иттилоия навишт, ҳодиса шомгоҳи 19-уми май дар як сехи барқтаъминкунии Вазорати мудофиа рух додааст.
Ба навиштаи Хадамот, сабаби сӯхтор “расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ” мебошад. Мақомот мегӯянд, оташ 50 метри мураббаъро фаро гирифт ва саривақт онро хомӯш карданд.
Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо ин ниҳод нагуфтааст, дар пайи сӯхтор ба Вазорати дифоъ чӣ қадар зарар расид.