"Дигар пулро намебинед." Даҳҳо муҳоҷирро дар Русия фиреб додаанд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони кориро дар шаҳри Омски Русия фиреб додаанд. Ширкати сохтмонӣ ҳаққи кори онҳоро, ки дар маҷмӯъ 22 миллион рубл ё 270 ҳазор доллар будааст, пардохт накардааст. Беш аз 100 муҳоҷири ҷабрдидаи қирғиз ба додгоҳ шикоят бурданд.

Муҳоҷирони қирғиз дар ду моҳи кор дар сохтмон, беш аз ду ҳазор метри мукааб бетон рехтаанд. Бояд барои корашон 22 миллион рубл мегирифтанд, аммо ширкат онҳоро аз кор рондааст.

Мелисбек Тештемиров, яке аз сохтмончиёни фиребхӯрда мегӯяд, дар аввал кор мувофиқи нақша хуб мерафт. "Онҳо нақшае кашида доданд ва корро бо мувофиқа мекардем. Барои басти аввал ва дуввум маошамонро сари вақт гирифтем. Вале аз басти сеюм таъхир сар шуд. Ҳар рӯз ваъда медоданд, ки пагоҳ, рӯзи дигар ё шанбе ва сешанбе медиҳанд."

Мушкил аз моҳи январи имсол оғоз шуд. Ширкати "РСК-Монолит" бо соҳибкор Александр Бауэр қарордод баст. Соҳибкор уҳдадор шуд, ки дар сохтмони бинои истиқоматии ширкати "Брусника" дар Омск бетон резад. Ба таъкиди Александр Бауэр, "РСК Монолит" паймонкори лоиҳа аст. Соҳибкор гурӯҳи 100 нафара, асосан муҳоҷирони қирғизро ҷамъ оварда, шартнома баст ва аз аввали феврал ба корҳои сохтмонӣ сар кард.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷиронро дар Омск фиреб додаанд

Ба иддалои Бауэр, мушкил дар пардохти ҳаққи кор аз ҳамон моҳи аввал сар шуд.

Ин соҳибкор мегӯяд, “миёнаҳои моҳи март пулро пурра барои феврал доданд ва мо пули коргаронро пардохтем. Вале моҳи март мушкил сар шуд. Мегуфтанд ё пули нақд меорем ё ба ҳисоби бонкӣ мегузаронем, Ё маблағи кофӣ надоштанд, то биёранд. Ба ман ҳатто расид мефиристоданд, ки қисми аввали пули моҳи мартро гузарондаанд, вале дар ниҳоят пули ҳисобашон кам будаасту, пул нагузаштааст. Дар охир ба мо гуфтанд, ки шумо пулро намебинед, мо аз ҳама қарздорем ва тамом.”

Ба гуфтаи соҳибкор, ҳамроҳ бо бинокорон онҳо уҳдадориҳои шартномаро иҷро кардаанд. «Дар маҷмӯъ мо он ҷо ду ҳазор метри мукааб бетон рехтем, ки беш аз меъёр аст ва бояд пули коргаронро ба мо медоданд.”

Александр Бессонов, раиси ширкати “РСК Монолит” дар сӯҳбат бо хабарнигор, Александ Бауэрро, ки муҳоҷиронро ба кор ҷалб карда буд, айбдор кард.

Раиси ширкати "РСК Монолит" мегӯяд, аз соҳибкор қарздор нестанд. “Аз ин одамон барои тӯҳмат ба пулис шикоят бурдем,”-гуфт раиси ширкат.

Ширкати “РСК Монолит” сабаби қарздорӣ аз ду ширкати дигар, ки коргаронро бо ғизо ва ҷойи зист таъмин мекарданд, шарҳ надод. Он ҷо ҳам гап сари миллионҳо рубл меравад.

Муҳоҷирон барои мусоидат ба ҳалли мушкилашон ба масъулини Қирғизистон муроҷиат карданд. Аксари онҳо ба ватани худ баргаштанд. Як қисми онҳо соҳибкор Александр Бауэр ва раҳбари ширкати “РСК Монолит”-ро ба додгоҳ кашидаанд.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон аз фиреб хӯрданашон дар Русия шикоят мекунанд.