Дар кишвари Мексика як духтари блогере, ки бо нашри мавод дар бораи зебоиву ороиш маъруф буд, ҳангоми пахши навбатии зинда тавассути шабакаи TikTok аз тири туфанг ба қатл расониданд. Дар ин бора оҷонсии Рейтерс хабар додааст. Дар Мексика, ки мизони хеле баланди кушторҳо бар пояи ҷинсият дорад, ин ҳодиса бисёриҳоро ваҳшатзада кард. Валерия Маркез 23 сол дошт ва полис рӯзи сешанбе гуфт, таҳқиқи қазияи куштори ӯро бар пояи хушунати ҷинсӣ ба роҳ мондааст.
Маркезро рӯзи 13 май дар маҳалли кораш - як ороишгоҳе дар шаҳри Запопани Мексика марде ба қатл расонид, ки вақти суханрониаш дар TikTok вориди ин муассиса шуд. Исми қотил нашр намешавад ва маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё на ва сабаби ин ҳодиса чӣ мебошад.
Маркез чанд лаҳза пеш аз қатлаш пахши зиндаи видеоиро дар TikTok шурӯъ кард. Садои ӯ, ки мегуфт, “Онҳо омаданд”, дар навори зинда пахш шуд ва баъди ин садои марде ба гӯш расид, ки гуфт, “Ҳей, Вале?”. Маркез гуфт, “Бале?” ва ин лаҳза садои пахши зиндаро хомӯш кард. Лаҳзае баъд ӯ аз зарби тири туфанг кушта шуд. Пораи чеҳраи марде, ки баъди ин телефони Маркезро ба даст гирифт, дар навори зинда дида шудааст.
Маркез дар Инстаграм ва TikTok 200 ҳазор пайрав дошт. Лаҳзаҳое пеш аз фоҷеа ӯ гуфт, ки касе ба ороишгоҳ омада ба ӯ “тӯҳфаи гароне” тақдим кардааст. Маркез ошуфтаҳол менамуд ва гуфт, ки ӯ интизори бозгашти касе набуд.
Мексика, Парагвай, Уругвай ва Боливия дар қаламрави Амрикои Лотин ва Карриб бо омори бисёр баланди кушторҳои занон фарқ мекунанд. СММ гуфтааст, дар ин кишварҳо аз ҳар 100 ҳазор зан дар соли 2023 тибқи омори тахминӣ 1,3 нафарашонро куштаанд.