Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Қустанай тасдиқ намуд. Ин ҳодиса субҳи 20 май дар натиҷаи бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Алмаато-Екатеринбург рух дод ва дар ин ҳодиса шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, панҷ нафар ба беморхона интиқол дода шуданд.
Дар посухи намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Остона тавассути почтаи электронӣ рӯзи 20 май гуфта мешавад, ки кормандони сафорат «оиди ин ҳодиса бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар Қустанай дар тамос буда, барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ё ҳалли дигар масъалаҳои ҷорӣ омодагии худро изҳор намудааст. Сафорат ин фоҷиаи мудҳишро зери назорати худ гирифта, бо дастрас шудани маълумоти иловагӣ иттилоъ хоҳад дод».
Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯйхати шахсони фавтидаро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт. Инҳо:
- Аҳтам Каримови 36-сола;
- Назрулло Боқиеви 24-сола;
- Бахтигул Боқиеваи 40-сола;
- Юсуф Солиҳови 67-сола;
- Фаёзиддини Солиҳзодаи 35-сола;
- Маҳмадюнус Аминзодаи 33-сола.
Аз ин пеш дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ навишт, "аз ҷониби сафир, ҷиҳати дарёфти маълумоти иловагӣ кормандони масъул муваззаф шудаанд". Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.
Дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфтанд, муҳоҷирони фавтида сокинони деҳаи Зиракии ҷамоати Чорбоғ мебошанд.
Хабари дар садама кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро нахуст манбаъҳои Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса ва баъдан полиси Қазоқистон ҳам тасдиқ намуданд. Аз ҷумла, нисфирӯзии сешанбе навбатдори раёсати полиси вилояти Қустанай ба хабаргузории "Интерфакс-Қазоқистон" тасдиқ кард, ки ҳама шахсони ҷондода шаҳрванди Тоҷикистон буданд.
Ҳодиса субҳи сешанбе дар ҳудуди вилояти Қустанай дар наздикии марз бо Русия рух додааст. Ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, ронандаи мошини "Форд Транзит", ки дар дохилаш даҳ шаҳрванди хориҷӣ қарор доштанд, ба мошини боркаши DAF бархӯрд. Панҷ нафари зиндамонда ба бемористони марказии ноҳияи Қарабалик интиқол ёфтанд.
Дар идораи пулиси вилояти Қустанай ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯи ин ҳодиса тибқи банди 4-уми моддаи 345-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон, яъне "Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги зиёда аз ду нафар шудааст", парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, навореро аз маҳалли фоҷеа корбарон дар ихтиёри Радиои Озодӣ вогузор карданд. Мусоҳибон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамаи мусофирони мошин сокинони ноҳияи Қубодиён буданд, ки аз Тоҷикистон ба Русия мерафтанд.
Қазоқистон кишвари ҳамсояи Русия мебошад ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кору зиндагӣ ба он кишвар мераванд, аз ҷумла, ба хотири сарфаи маблағи сафар бо роҳҳои ҳавоӣ, аз роҳҳои нақлиётӣ истифода мебаранд.
Садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳҳои Қазоқистон дар гузашта ҳам рух додааст.