Оҷонсии зидди фасод дар бораи сатҳи фасод дар кишвар миёни 10 ҳазор кас назарпурсӣ гузарондааст. Хулосаи ин пурсиш феълан маълум нест, аммо шикоятҳо аз фасод дар идораҳои давлатӣ кам нест. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки оё дар идораҳои давлатии Тоҷикистон бе додани пора кор саривақт ҳал мешавад? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:
- Қариб дар ҳама соҳа фасод ҳаст. Мисолаш кормандони БДА дар роҳ истодаанд, ҳуҷҷат ҳам дошта бошӣ, бояд 10 сомонӣ диҳӣ
- Зиёд шунидаам, аммо то ҳол худам ҳолатҳои фасод рубарӯ нашудаам
- Барои як маълумотнома меравӣ пул талаб мекунанд. Дар баъзе беморхона ҳам ҳамин аҳвол
- Кор бе додани пора ҳал намешавад, куҷое наравӣ пул талаб мекунанд.
- Ягон чораандешӣ кунанд беҳтар аст, чун баъзе одамон пул доранд медиҳанд, баъзе дигар надоранд. Бояд нархномаи давлатии ҳамон ҳуҷҷат маълум бошад.
- Агар пули талабкардаашонро надиҳӣ кор буд намешавад. Баҳона мекунанд, ки ҳамон коғаз нест, муҳр гузоштагӣ нест ё ягон баҳонаи дигар меёбанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пурсиш аз мардум: бе додани пора кор саривақт ҳал мешавад?