Муовини пешини вазири фарҳанги Қазоқистон ба се соли зиндон маҳкум шуд

Собиқ вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон Ерлан Кожагапанов. Акс: primeminister.kz

Дар Қазоқистон собиқ муовини вазири фарҳангу варзиш Ерлан Кожагапанов барои дуздии як миллиард танга маблағ (муодили наздики 2 миллион доллар) ба се соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи шаҳри Остона дар қарораш гуфт, ки мақомдори пешин аз вазифаи давлатиаш сӯиистифода карда, як миллиард танга пулро азхуд кардааст.

Ба Ерлан Кожагапанов тамоми умр ишғоли вазифаҳои давлатӣ, кор ба ҳайси додрас ваё дар сохторҳои Бонки миллии Қазоқистон манъ карда шудааст. Айбдоршавандаи дигар аз рӯи ин парванда - раҳбари ширкати Success К - Лаззат Кӯкқозоваро аз рӯи моддаи “қаллобӣ” ба панҷ соли ҳабс маҳкум карданд.

Радиои Азаттиқ – Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, айбдоркунандаи давлатӣ талаб карда буд, ки собиқ муовини вазир ба ҳафт ва Кӯкқозова ба ҳашт соли ҳабс маҳкум шаванд, вале додрас ҳолатҳои сабуккунандаро ба эътибор гирифта ҳукмро нармтар кардааст.

Ин ду нафарро барои роҳ додан ба камбудиҳо ҳангоми ташкили Ҳамоиши 15-уми ҳамкориҳои Русия ва Қазоқистон дар соли 2018 муҳокима карданд. Он замон Кожагапанов муовини вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон буд. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми зидди ӯ “сохтакорӣ” шуда, айбдоркунандаи давлатиро дар “кори ғайрикасбӣ” гунаҳгор кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Сарбозонро маҷбур кард дастҳо ба пушт ва сар ба замин муддати тӯлонӣ биистанд""200 сомонӣ пора". Се иттиҳом алайҳи як мансабдори Кӯлоб