Се ҳизби аслии рақиб дар ин интихобот Ҳизби мардумии Покистон, ки раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ узви он аст, Ҳизби Робитаи Мусалмонон бо раҳбарии нахуствазири пешин Навоз Шариф ва Таҳрики Инсоф (Ҷунбиши адолат) ба раҳбарии Имронхон, ба шумор мераванд.
Рӯзномаҳои покистонӣ менависанд, беҳбуди вазъияти иқтисодӣ, мубориза бо фасод аз ҷумлаи муҳимтарин мавзуоте буданд, ки номзадҳои интихоботи имрӯз, дар таблиғоти ҳафтаҳои гузаштаи худ ба он пардохтанд.
Wall Street Journal ба нақл аз дипломатҳо мегӯяд, натиҷаи интихобот метавонад ба ояндаи равобити ин кишвари атомӣ ва Амрико дар мавриди мавзуи ҳассоси мубориза бо гуруҳҳои мусаллаҳ дар Покистон, таъсири муҳиме бигузорад. Артиши Амрико борҳо нуқотеро дар дохили хоки Покистон ҳадаф қарор дода ва ин ҳамлаҳо бо вокунишҳои мақомҳои он кишвар ва аҳзоби мухолифи давлат рӯбарӯ шудааст.
Покистон ҷумҳурии исломии федералӣ ва дорои Сенат ва Маҷлиси Намояндагон аст. Аз панҷ вилоят, Исломобод ба унвони пойтахт, як минтақаи худмухтори Ҷому ва Кашмир ташкил мешавад. Президент раёсати давлат ва фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи он кишварро ба ӯҳда дорад ва нахуствазир низ маъмулан раҳбари бузургтарин ҳизби пирӯз дар интихоботи Маҷлиси Намояндагони он кишвар аст.