Пурсиш аз мардум: бе додани пора кор саривақт ҳал мешавад?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оҷонсии зидди фасод дар бораи сатҳи фасод миёни 10 ҳазор кас назарпурсӣ гузарондааст. Хулосаи ин пурсиш феълан маълум нест, аммо шикоятҳо аз фасод дар идораҳои давлатӣ кам нест. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар Душанбе пурсиданд, ки дар Тоҷикистон бе додани пора кор саривақт ҳал мешавад?