Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳаввулот дар саҳнаи байналмилалӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, азҷумла дар робита бо вазъи мардум дар Ғазза ва Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин 18-уми май дар Ҳамоиши гуфтугӯи Теҳрон гуфтааст, "таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ "муколамаи созанда"-ро тақозо мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин беш ҷузъиёте надодааст.
Ҷанд хабаргузории эронӣ суханрониҳои дипломати аршади Тоҷикистонро хулоса кардаанд. Аз ҷумла, оҷонсии “Меҳр” дар нақли қавл аз Муҳриддин навишт:
“Мо имрӯз шоҳиди таҳаввулоти бесобиқа дар умури байналмилалӣ ҳастем. Равандҳои сареъ ва мушкилоти ҷиддӣ дар таъмини сулҳ ва субот дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки бо таҳқиқ ва гуфтумони созанда ва бо такя бар иродаи қавӣ ба ин масоили доғи рӯз таваҷҷӯҳи бештаре намояд. Албатта вазъи Ховари Миёна, аз ҷумла Фаластани ҳамвора аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст”.
Дар идома омадааст: “Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст. Фаластин ба макони мотамбор ва харобазор табдил шудааст. Тоҷикистон куштори мардуми бегуноҳро башиддат маҳкум ва ҳамаро ба кӯмаки башардӯстона даъват мекунад”. Ба навиштаи “Меҳр”, С.Муҳриддин дар идома гуфтааст, “мо хоҳони ташкили давлати мустақили Фаластин бо пойтахтии Байтулмуқаддас ҳастем,"-гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома ба мавзӯи Афғонистон ҳам муроҷиат карда гуфтааст, “Афғонистон наздиктарин ҳамсояи Тоҷикистон аст. Мо мехоҳем дар ин кишвари бародар сулҳу субот барқарор шавад”.
Тоҷикистон бо ин ки ҳамкорҳои мушаххаси корие бо маъмурияти Толибонро ба роҳ мондааст, расман ҳукумати имрӯзаи Афғонистонро эътироф намекунад. Душанбе баъди соли 2021 ва баъди сари кор омадани Толибон пайваста таъкид кардааст, ки дар ин кишвар бояд ҳукумати иборат аз тамоми гурӯҳҳои сиёсиву гурӯҳҳои қавмӣ ташкил шавад.
Ҳамоиши гуфтугӯҳои Теҳрон, ки аз соли 2019 шурӯъ шудааст, табодули афкори сиёсиро миёни сиёматмадорону мақомоти ҳукуматҳо ва таҳлилгаронро дар бар мегирад.