Аҳволи ду муҳоҷири тоҷик, ки рӯзи 20-уми май дар Қазоқистон ба садама дучор шудаанд, вазнин будааст. Дар ин ҳодисаи мудҳиш 6 нафар ба ҳалокат расида, 5 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва сокинони ноҳияи Қубодиён ҳастанд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ аз Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон, аҳволи ду нафар аз захмиён вазнин будааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ин ду нафарро ба беморхонаи марказии вилояти Қустанай интиқол додаанд. Ронанда ва ду мусофири дигарро дар бемористони марказии ноҳияи Қарабалик бистарӣ кардаанд.
Мошини "Форд Транзит", ки аз Тоҷикистон ба Русия мерафт, субҳи 20-уми май ба як мошини боркаши DAF бархӯрд. Дар ин ҳодиса шаш кас ҳалок шуданд, ки як нафарашон зан буд. Фавтидаҳо аз 24 то 67 сол доштанд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Қазоқистон, ронандаи мошин дар бозпурсиҳои аввал эътироф кардааст, ки садама бо айби ӯ рух дод. Ронанда гуфтааст, ки ӯро дар сари фармони мошин хоб бурд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфт, ҷасади қурбониён рӯзи 21-уми май ба ватан интиқол дода мешавад.
Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, қариб ҳамаи фавтидаҳо хешу табор буданд ва дар деҳаи Зиракии ҷамоати Чорбоғ зиндагӣ мекарданд.
Намояндагони Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонанд.
Бо сабаби гарон будани билети ҳавопаймо, бархе муҳоҷирони тоҷик талош мекунанд аз тариқи роҳҳои заминӣ ба Русия раванд.
Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ ба Русия ба садама дучор шуда, ҷонашонро аз даст дода буданд.