Суперҷоми Тоҷикистон-2025 аз кӣ мешавад: "Истиқлол" ё "Регар-ТадАЗ"?

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 рӯзи якшанбеи 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода баргузор мегардад.

Бори чаҳорум аст, ки дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд. Дар се бозии пешин душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Соли 2011 “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Солҳои 2012 ва 2013 бошад, ҳарду бозӣ бо ҳисоби якхелаи 2:1 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт.

Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори шонздаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, се даста муваффақ шудааст.

"Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 14 маротиба ширкат варзидааст, 12 бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022 ва 2024) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.

“Равшан”-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023) ва “Ҳосилот”-и Фархор як маротиба (2017) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Соли гузашта дастаи "Истиқлол" дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024, ки 11-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 7500 тамошобин доир шуд, тими “Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.

Ба дастаи “Истиқлол” медалҳои тилло ва Суперҷоми Тоҷикистон супурда шуд. Дастаи “Равшан” бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.

Суперҷоми Тоҷикистон-2025-ро кадом даста соҳиб мешавад: “Истиқлол” бо роҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко ё “Регар-ТадАЗ” зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев?

НАТИҶАҲОИ БОЗИҲОИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН (2010-2024):

2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3

2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0

2022 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2023 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 0:1

2024 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1