Думаи Давлатии Русия тарҳи ибтидоии қонунеро қабул кард, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад, бо як патент дар ду минтақа кор кунанд. Тартиби нав ба Маскаву вилояти Маскав, инчунин Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дахл хоҳад дошт.
Ин санадро ҳукумати Русия моҳи март ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда буд. Тибқи лоиҳаи қонун, муҳоҷироне, ки, масалан, дар ҳудуди Маскав патент гирифтаанд, метавонанд дар қаламрави вилояти Маскав ва онҳое, ки иҷозати корро дар Санкт Петербург ба даст овардаанд, ҳақ пайдо мекунанд дар вилояти Ленинград фаъолият намоянд.
Шарти ҳатмӣ доштани шартнома миёни раҳбарони ин минтақаҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба кор тариқи патент мебошад. Ҳанӯз маълум нест, ки тарҳи қонун дар ниҳоят қабул мешавд ё не.
Бар пояи маълумоти расмӣ, то 15 дарсади муҳоҷироне, ки барои гирифтани патент дар вилояти Маскав муроҷиат кардаанд, дар қайди муҳоҷиратӣ дар Маскав будаанд ва тақрибан 8 дарсади шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои гирифтани патент дар Маскав муроҷиат кардаанд, дар вилояти Маскав сабти ном шудаанд.
Аз ин пештар вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, ки ҷазо барои ҷалби муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба корро сахттар кардаанд. Ба гуфтаи вазорат, аз ин пас агар корфармо ё ширкате муҳоҷири ғайриқонуниро ба кор бигирад, аз 70 ҳазор рубл то ба як миллион рубл ҷарима мешавад.
Корфармоён вазифадоранд, ки патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иқомати муҳоҷирро тафтиш кунанд, дар акси ҳол ба ҷавобгарии маъмурӣ ҳам кашида мешаванд.