Тоҷикистон ва Чин ният доранд, ки дар шаҳри Душанбе барои таъмири мошинҳои барқӣ ва нобуд кардани онҳо корхонаи муштарак таъсис диҳанд. Ин мавзуъ 15-уми май дар вохӯрии вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корхонаи муштарак барои хидматрасонии техникии электромобилҳо, нобудсозӣ ё коркарди батареяи мошинҳои барқӣ пешбинӣ шудааст. Аммо маълум нест, ки коргоҳи нав кай ва бо чӣ қадар сармоя сохта мешавад.
Тасмими сохтани чунин коргоҳ дар ҳолест, ки баъд аз соли 2022 аз Чин ҳазорҳо адад нақлиёти барқӣ вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо давоми се моҳи имсол ба кишвар 6047 нақлиёти барқӣ ворид шудааст. То имрӯз шумораи умумии нақлиётҳои барқӣ дар кишвар 27 ҳазор будааст.
Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, то соли 2028 бояд то 30 дарсади мошинҳо дар кишвар барқӣ ё электромобил бошанд. Аз соли 2022 ворид кардани нақлиёти барқӣ ба Тоҷикистон аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Баъди ин кор таваҷҷуҳ ба мошинҳои барқӣ зиёд шуд, аммо маҳдудият барқ дар минтақаҳо мушкили дигареро барои соҳибони ин нақлиётҳо ба вуҷуд овардааст.