Роҳбарони Амрико ва Русия рӯзи 19-уми май дар гуфтугӯи телефонӣ роҳҳои қатъи ҷанг дар Украинаро баррасӣ карданд. Суҳбати Доналд Трамп ва Владимир Путин зиёда аз ду соат давом кардааст.
Путин гуфтугӯ бо Трампро "созанда" ва "муассир" хонд. Раиси ҷумҳури Русия гуфт, мисли гузашта барои Маскав муҳим "аз байн бурдани омилҳои буҳрон аст." Ба гуфтаи Путин, Русия "омодаи ҳамкорӣ" бар сари таҳияи ёддошти сулҳ бо Украина аст.
Доналд Трамп дар шарҳи суҳбаташ бо Путин гуфт, Русия ва Украина “фавран” ба гуфтугӯҳо дар бораи оташбас ва қатъи ҷанг оғоз мекунанд. Аммо Трамп санаи мушаххасро ба забон наовард.
Трамп ҳамчунин гуфт, Русия мехоҳад бо ИМА тиҷорати васеъ дошта бошад ва ӯ ҳам бо ин розӣ аст. Доналд Трамп ҳамчунин навиштааст, ҷузъиёти суҳбаташро бо раиси ҷумҳури Украина ва дигар роҳбарони Аврупо дар миён гузоштааст.
Дар ҳамин ҳол баъзе расонаҳо гузориш доданд, ки президенти Украина аз Доналд Трамп хостааст, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунад, агар ин кишвар дар фурсатҳои наздик ба оташбас тан надиҳад. Зеленский дар суҳбат бо Трамп, бори дигар ба ҷорӣ шудани оташбас таъкид кардааст.