Рӯзи 17-уми май як мошини боркаш дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ саросез шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон бо нашри ин хабар мегӯяд, як сокини пойтахт ронандаи ин мошин буд.
"Дар бораи ронанда маълумоти бештаре ҷуз ин нест, ки соҳиби ду фарзанд будааст. Дар бораи сабаби садама ҳам мушаххасан намешавад чизе гуфт. Танҳо ин ки ронанда шояд ба иллати суръати баланди ҳаракат натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд,"-омадааст дар хабарномаи расмӣ.
Мақомот мегӯянд, талошҳо барои пайдо кардани ронанда ва мошин то ин дам бенатиҷа будааст. Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯро идома медиҳанд.
Ҳамарӯза бар асари садамаҳои нақлиётӣ чандин кас дар Тоҷикистон ҳалок мешаванд. Азҷумла ҳафтаи гузашта як мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз баландӣ саросез шуд. Дар ин ҳодиса як мураббии варзиш ҷон бохт.