18-уми май дар саросари Тоҷикистон дави миллӣ ва марафони дучархаронӣ баргузор мешавад. Ин чорабинии оммавӣ ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23-юми май таҷлил мегардад, бахшида шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар дави миллӣ одамони синну сол ва касбашон гуногун иштирок мекунанд.
Дар шаҳри Душанбе дави миллӣ ва марафони дучархаронӣ соати 7:30-и субҳи рӯзи якшанбе аз терминали “Чорбоғ” оғоз шуда, тавассути кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҷмааи “Наврӯзгоҳ” давом меёбад.
Дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон аз соли 2006 "бо ҳадафи таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавияти он миёни аҳолӣ" ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад.
Ба ғолибон ва иштирокдорони фаъоли дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар манотиқи мухталифи кишвар ҷоизаҳо супурда мешавад.
Гуфтугӯ