Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирор аз Афғонистон, чолишҳои нав, интиқоди варзишгарзанон аз СММ

навшуда

Тими футоли занони Афғонистон
Тими футоли занони Афғонистон

Варзишгарзанони афғон, ки аз дасти ҳукумати Толибон дар Покистон панаҳ бурдаанд, ҳоло аз фақр, набуди шароит барои тамрин ва номуайян мондани парвандаву мақомашон дар ин кишвар нигаронанд.

Аксари онҳо, ки солҳост дар ҳолати номуайянӣ қарор доранду барои зинда мондан дар ғурбат мубориза мебаранд, оҷонсии СММ оид ба паноҳандагонро барои беамалӣ танқид мекунанд.

Варзишгарони афғон, ки барои раҳоӣ аз маҳдудиятҳои ҳукумати Толибон ва идома додан ба шуғли худ ба Покистон фирор карданд, ба мушкили фаровоне гирифтор ҳастанд.

Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, барои занону духтарон варзишкорӣ ва ширкат дар мусобиқаҳо манъ шуд. Ин монеаву маҳдудиятҳо аксар духтарони варзишгарро маҷбур ба тарки кишвар кард.

Бисёре аз онҳо бо умеди дастёбӣ ба шароити беҳтар ва идомаи фаъолияти касбии худ дар Покистон панаҳ бурданд, вале баръакс ба мушкилоти бештаре гирифтор шуданд.

Рӯъё Аббосӣ, варзишгари навъи ҷиу-ҷитсу, ки се сол пеш бо хонаводааш ба Покистон рафта буд, мегӯяд, тангдастӣ ва набуди шароит барои тамрин, зиндагии ӯро сахту душвор кардааст. Мақоми ӯ ҳамчун муҳоҷир вазъро бадтар мекунад.

“Се сол аст, ки барои муҳоҷират дар Покистон дархост пешниҳод кардаам, ва ҳамоно аз қазияи ман хабаре нест.”- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Мегӯяд, аз Комиссариати олии СММ барои рафтан ба яке аз кишварҳои ғарбӣ кӯмак хоста буд.

Шакило Музаффарӣ, узви собиқи тими баскетболбозони маълули афғон се соли ахир танҳо ва дур аз хонаводааш, дар Исломобод зиндагӣ дорад. Ӯ аз шароити бади худ дар Покистон қисса кард.

“Касе, ки даромад надорад ва кӯмак намебинад, чӣ тавр метавонад, визаашро тамдид кунад, дар ҳоле, ки арзиши он аз 20 000 то 25 ҳазор рупий (75-95 доллар) дар як моҳ аст?”

Вай ҳамчунин аз мушкилоти дигари молӣ, аз ҷумла иҷорапулӣ ёдовар шуда, гуфт, вазъи паноҳҷӯёни афғон, аз ҷумла варзишкорони дорои имконияташон маҳдуд бисёр бад аст.

“Барои гурезаҳои афғон дар Покистон, махсусан барои варзишгарони дорои имкониятҳои маҳдуд, ин бениҳоят мушкил аст. Мо тавони корро надорем,” – афзуд мусоҳиби мо.

Абдулҳусейн Ҳисорӣ, раиси пешини Кумитаи паралимпии Афғонистон мушкилоти варзишгаронро тасдиқ ва аз шеваи кори барномаи СММ оид ба паноҳҷӯён танқид кард.

Ба гуфтаи Ҳисорӣ, ин идораи СММ маъюбияти варзишгаронро ба инобат нагирифта, посух додааст, ки санадҳои онҳо комил нестанд.

Қайсар Афридӣ, намояндаи Кумитаи СММ оид ба паноҳандагон дар Покистон ба дархости Радиои Озодӣ дар робита ба шарҳи ин масъала посух надод.

Манъи варзишкории занон яке аз маҳдудиятҳои сершумори низоми тундрави исломӣ аст. Толибон занони Афғонистонро аз ҳаққи омӯзишу кор ва сайругашти озод маҳрум кардаанд. Занону духтарон наметавонанд дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ кор кунанд.

Онҳо ҳақ надоранд бидуни ҳамроҳии мард аз хона берун раванд ва дар сабқату толорҳои варзишӣ ширкат ё машқ кунанд.

СММ чунин муносибати Толибонро нисбат ба занон маҳкум карда, аз дур кардани онҳо аз ҳаёти иҷимоӣ ва муҷозоти шадиди занон барои муқовимат бо маҳдудиятҳо изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол СММ ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи башар Покистонро барои рондани садҳо ҳазор паноҳҷӯйи афғон танқид карданд. Аксари ин муҳоҷирон даҳсолаҳо боз дар Покистон зиндагӣ доштанд ва акнун Афғонистон сарнавишташон номуайян монда, ба фақру хатар рӯбарӯ шудаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Amnesty International ё Афви Байнулмилал, Покистонро барои нақшаи “ношаффоф”-и бозгардони муҳоҷирони афғон маҳкум намуда, онро худсарона ва бераҳмона хондаанд. Ба таъкиди онҳо, ин амалкард беэҳтиромӣ ба қонунҳои байналмилалӣ ва таҳти хатар гузоштани афроде аст, ки аз зери зулму озор фирор кардаанд.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG