Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Соро компания” қаҳрамони футзали Тоҷикистон шуд


Бошгоҳи «Соро компания»-и Душанбе, ки аз рӯи натиҷаҳои се бозии силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби умумии 3:0 пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон то се пирӯзии яке аз дастаҳо идома кард. Ду бозии аввали силсилаи ниҳоӣ рӯзҳои 12-13-уми май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Ҳарду бозӣ ба суди «Соро компания” бо натиҷаҳои 3:2 ва 5:2 ба охир расид.

Бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Соро компания” шоми сешанбеи 20-уми май дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир гардаид. “Соро компания” бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.

Қаблан дар силсилабозиҳои ниманиҳоӣ “Истиқлол” бар дастаи “Амонатбонк”-и Душанбе бо натиҷаҳои 4:2 ва 2:1 пирӯз шуда, ба финал баромад.

Дастаи “Соро компания” бошад, дар силсилабозиҳои ниманиҳоӣ бар тими “Сипеҳр”-и Хуҷанд бо натиҷаҳои 6:3 ва 3:1 ғалаба карда, ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон мушарраф шуд.

Ба ин тартиб, “Соро компания” зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бори панҷум бо Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тиллои Суперлигаи футзали Тоҷикистон ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт. Аз ин пеш “Соро компания” солҳои 2018, 2019, 2021 ва 2022 қаҳрамони Тоҷикистон шуда буд.

Ба дастаи «Истиқлол» бо роҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси гурҷӣ, медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва “Амонатбонк”-и Душанбе барои ба даст овардани нишонҳои биринҷӣ рақобат карданд. Бозии аввал дар Душанбе бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи “Сипар” хотима ёфт. Бозии дуюм низ дар шаҳри Хуҷанд бо пирӯзии “Сипар” бо ҳисоби 5:4 ба поён расид.


Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025

Силсилаи ниҳоӣ. Бозии аввал

«Соро компания» - «Истиқлол» – 3:2

12-уми май. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 2000 тамошобин.


Силсилаи ниҳоӣ. Бозии дуюм

«Соро компания» - «Истиқлол» – 5:2

13-уми май. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 2000 тамошобин.


Силсилаи ниҳоӣ. Бозии сеюм

«Истиқлол» - «Соро компания» - 1:4

20-уми май. Душанбе, “Кохи олимп”. 1200 тамошобин.


Ҳисоби силсилаи ниҳоӣ – 3:0 ба суди “Соро компания”.


Барои ҷойи сеюм, бозии аввал

«Амонатбонк» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 2:4


Барои ҷойи сеюм, бозии дуюм

«Сипар» (Хуҷанд) - «Амонатбонк» (Душанбе) –– 5:4

XS
SM
MD
LG