Дар чанд ҷумла
Қазоқистонро камбуди орд таҳдид мекунад

Истеҳсолгарони орд дар Қазоқистон гуфтаанд, захираи онҳо "тахминан барои якуним ҳафтаи дигар" мерасад ва баъд аз он маҷбур ҳастанд, ки дари осиёбҳои худро банданд.
Дар ин бора Иттиҳодияи коркардкунандагони ғалла дар Қазоқистон хабар додааст. Ба иттилои иттиҳодия, ҳоло нархи як тонна гандум дар Қазоқистон то ба 160 ҳазор танга (ҳудуди 360 доллар) гарон шудааст.
Манбаъ афзуд, ки баъзе аз осиёбҳо дар Қазоқистон аллакай фаъолияти худро қатъ кардаанд. Аз ҷумла, дар Қарағанда аз 36 осиёб 15 тоаш фаъол боқӣ монда, аксари осиёбҳои Павлодару Алмато фаъолиятро қатъ намудаанд.
"Мо истеҳсолгарони орд, 2-3 ҳафта мешавад, ки гандум харида наметавонем. Пешниҳодҳо нестанд. Бояд ба назар гирифт, ки орд хеле гарон мешавад. Ин гароншавӣ ногузир аст", - изҳор доштааст муовини раиси иттиҳодия Талгатбек Алихан дар суҳбат бо "eldala.kz".
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
С.Муҳриддин: "Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст"

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таҳаввулот дар саҳнаи байналмилалӣ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, азҷумла дар робита бо вазъи мардум дар Ғазза ва Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Сироҷиддин Муҳриддин 18-уми май дар Ҳамоиши гуфтугӯи Теҳрон гуфтааст, "таҳаввулоти босуръати геополитикӣ дар ҷаҳон ва чолишҳои ҷиддӣ дар таъмини сулҳу субот" аз ҷомеаи ҷаҳонӣ "муколамаи созанда"-ро тақозо мекунад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати эҷоди як низоми минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи сулҳу субот таъкид кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин беш ҷузъиёте надодааст.
Ҷанд хабаргузории эронӣ суханрониҳои дипломати аршади Тоҷикистонро хулоса кардаанд. Аз ҷумла, оҷонсии “Меҳр” дар нақли қавл аз Муҳриддин навишт:
“Мо имрӯз шоҳиди таҳаввулоти бесобиқа дар умури байналмилалӣ ҳастем. Равандҳои сареъ ва мушкилоти ҷиддӣ дар таъмини сулҳ ва субот дар манотиқи гуногуни ҷаҳон ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки бо таҳқиқ ва гуфтумони созанда ва бо такя бар иродаи қавӣ ба ин масоили доғи рӯз таваҷҷӯҳи бештаре намояд. Албатта вазъи Ховари Миёна, аз ҷумла Фаластани ҳамвора аз аҳамияти вижае бархӯрдор аст”.
Дар идома омадааст: “Вазъи мардуми Фаластин фоҷеабор аст. Фаластин ба макони мотамбор ва харобазор табдил шудааст. Тоҷикистон куштори мардуми бегуноҳро башиддат маҳкум ва ҳамаро ба кӯмаки башардӯстона даъват мекунад”. Ба навиштаи “Меҳр”, С.Муҳриддин дар идома гуфтааст, “мо хоҳони ташкили давлати мустақили Фаластин бо пойтахтии Байтулмуқаддас ҳастем,"-гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома ба мавзӯи Афғонистон ҳам муроҷиат карда гуфтааст, “Афғонистон наздиктарин ҳамсояи Тоҷикистон аст. Мо мехоҳем дар ин кишвари бародар сулҳу субот барқарор шавад”.
Тоҷикистон бо ин ки ҳамкорҳои мушаххаси корие бо маъмурияти Толибонро ба роҳ мондааст, расман ҳукумати имрӯзаи Афғонистонро эътироф намекунад. Душанбе баъди соли 2021 ва баъди сари кор омадани Толибон пайваста таъкид кардааст, ки дар ин кишвар бояд ҳукумати иборат аз тамоми гурӯҳҳои сиёсиву гурӯҳҳои қавмӣ ташкил шавад.
Ҳамоиши гуфтугӯҳои Теҳрон, ки аз соли 2019 шурӯъ шудааст, табодули афкори сиёсиро миёни сиёматмадорону мақомоти ҳукуматҳо ва таҳлилгаронро дар бар мегирад.
Номзади аврупогаро дар интихоботи Руминия пирӯз шуд

Никушор Дан, шаҳрдори Бухарест дар даври дуюми интихоботи президентии Руминия пирӯз шуд. Овоздиҳӣ рӯзи 18-уми май баргузор шуд.
Ба гузориши бахши руминии Радиои Озодӣ, Дан 54 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Ба тарафдории рақиби ӯ сиёсатмадори ростгаро Ҷорҷ Симион 46 дарсади овоздиҳандаҳо раъй доданд.
Никушор Данро сиёсатмадори аврупогаро меноманд.
Ҷорҷ Симион шикасти худро дар интихобот қабул карда, рақибашро ба ғалаба табрик гуфтааст.
Даври аввали интихоботи президентӣ дар кишвари аврупоии Руминия 4-уми май баргузор шуда буд. Дар даври аввал Симион 40,5 ва Никушор Дан 21 дарсади овозҳоро соҳиб шуданд.
Муҳоҷире, ки се кӯдаки русро аз оташ наҷот дод, тоҷик будааст

Муҳоҷире, ки дар шаҳри Екатеренбурги Русия се кӯдакро аз коми оташ наҷот дод, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин фард Сайвалӣ Шарифов мебошад.
Ба қавли манбаъ, Шарифов бегоҳи 14-уми май вақти ба дорухона рафтан шоҳиди сӯхтор дар ошёнаи якуми биное шуд.
Сайвалӣ Шарифов гуфтааст, “садои фиғони кӯдаки хӯрдсолро шунида,” ба кӯмаки онҳо шитофт. Ин муҳоҷири тоҷик аввал як кӯдакро наҷот медиҳад ва баъд мефаҳмад, ки дар дохили хонае, ки оташ гирифтааст, боз ду кӯдаки дигар аст. Шарифов ду маротибаи дигар худро ба даруни оташ партофта, кӯдакони боқимондаро наҷот додааст.
Баъзе расонаҳои маҳаллии Екатеренбург аз ин амали Сайвалӣ Шарифов ситоиш кардаанд. Шарифов 32-сол дошта, 16 соли ахир ҳамчун боркашон кор мекардааст. Худи ӯ дар суҳбат бо намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷират гуфтааст, наҷоти кӯдаконро барои худ қарз медонист «ва ҳар касе, ки дар ҷойи ман бошад ҳамин гуна рафтор мекард.»
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия шаҳрвандони маҳаллиро аз фалокат наҷот медиҳанд. Азҷумла соли 2024 Муҳаммадҷон Обидов, як ҷавони тоҷик дар Маскав тифли навзодро аз дасти марди рабоянда наҷот дод. Дар бораи ин ҳодиса ва ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи "кӯдакрабоӣ" Кумитаи тафтишоти Русия ҳам хабар дод, вале тоҷик будани ӯро пинҳон кард.
Соли 2020 Ҳоҷимурод Қаландаров, як ҷавони тоҷик кӯдакеро аз ғарқшавӣ наҷот дода, вале худаш ҳалок шуд.
Расонаҳои Русия дар бораи қаҳрамонии муҳоҷирон хеле кам хабар медиҳанд.
Ҷо Байден ба бемории саратон мубтало гаштааст

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури пешини Амрико ба саратони простата мубтало шудааст.
Дафтари Байден рӯзи якшанбеи 18-уми май эълон кард, ки ду рӯз пеш дар пайи бурузи нишонаҳои ин беморӣ, пизишкон президенти пешинро ташхис карда, дар ӯ бемории саратонро ошкор кардаанд.
Дар баёнияи дафтари Ҷо Байден омадааст, хонаводаи президенти пешин дар бораи табобати ӯ бо пизишкон машварат доранд.
Нашри ин хабар вокунишҳои густурдае ба дунбол дошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Иёлоти Муттаҳида дар шабакаи иҷтимоии худ навишт, ӯ ва ҳамсараш аз шунидани хабари бемории Ҷо Байден “бисёр мутаассир” шудаанд ва барои Байден орзуи саломатӣ мекунанд.
Ба навиштаи хабаргузории "Ройтерс", саломатии Ҷо Байден ҳатто пеш аз мунозираи ӯ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифта буд. Манзур мунозираи интихоботии Ҷо Байден ва Доналд Трамп дар моҳи июни соли 2024 аст, ки баъди он Байден аз рақобатҳои интихоботӣ даст кашид.
Ҷо Байден соли 2020 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуда, то охири соли 2024 Амрикоро роҳбарӣ кард. Ӯ 82 сол дорад.
Тоҷикистон ва Чин барои мошинҳои барқӣ корхона месозанд

Тоҷикистон ва Чин ният доранд, ки дар шаҳри Душанбе барои таъмири мошинҳои барқӣ ва нобуд кардани онҳо корхонаи муштарак таъсис диҳанд. Ин мавзуъ 15-уми май дар вохӯрии вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баррасӣ шудааст.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корхонаи муштарак барои хидматрасонии техникии электромобилҳо, нобудсозӣ ё коркарди батареяи мошинҳои барқӣ пешбинӣ шудааст. Аммо маълум нест, ки коргоҳи нав кай ва бо чӣ қадар сармоя сохта мешавад.
Тасмими сохтани чунин коргоҳ дар ҳолест, ки баъд аз соли 2022 аз Чин ҳазорҳо адад нақлиёти барқӣ вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо давоми се моҳи имсол ба кишвар 6047 нақлиёти барқӣ ворид шудааст. То имрӯз шумораи умумии нақлиётҳои барқӣ дар кишвар 27 ҳазор будааст.
Бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон, то соли 2028 бояд то 30 дарсади мошинҳо дар кишвар барқӣ ё электромобил бошанд. Аз соли 2022 ворид кардани нақлиёти барқӣ ба Тоҷикистон аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Баъди ин кор таваҷҷуҳ ба мошинҳои барқӣ зиёд шуд, аммо маҳдудият барқ дар минтақаҳо мушкили дигареро барои соҳибони ин нақлиётҳо ба вуҷуд овардааст.
Гузоришҳо аз кушта шудани чанд роҳбари "Ҳамос" дар Ғазза

Ҷасади Муҳаммад Синвор, яке аз роҳбарони гуруҳи "Ҳамос" дар як нақбе дар Навори Ғазза пайдо шудааст. Ин хабарро телевизиони саудии ал-Ҳадас бо такя ба манобеаш пахш кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, ҳамроҳи Муҳаммад Синвор ҷасади чанд ёвари ӯ дар минтақаи Хон-Юнуси Ғазза ҳам пайдо шудааст. Гуфта мешавад, ки ин афрод рӯзи сешанбеи 13-уми май дар пайи ҳамлаи сангини артиши Исроил кушта шудаанд.
Телевизиони ал-Ҳадас гузориш додааст, ки ҷасади Муҳаммад Шабан, фармондеҳи гуруҳи “Рафаҳ” низ пайдо шудааст.
Гуруҳи “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст. Исроил низ кушта шудани Синвор ва Шабанро тасдиқ накардааст.
Рӯзи 13-уми май артиши Исроил аз зарба ба як маркази фармондеҳии "Ҳамос" дар Хон-Юнис ва дар канори беморхонаи аврупоии Ғазза хабар дод. Ба гузориши манобеи нашрияи “Таймс Исроил”, ҳадафи ин ҳамла Муҳаммад Синвор буд. Артиши Исроил дар ин бора расман чизе нагуфтааст.
Муҳаммад Синвор, бародари Яҳё Синвор, роҳбари пешини гуруҳи “Ҳамос” буд, ки моҳи октябри соли гузашта дар Ғазза кушта шуд.
Яҳё Синворро яке аз тарроҳони ҳамлаи маргбор ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ном мебаранд. Ҷангҷӯён дар он рӯз дар ҷануби Исроил 1200 касро кушта ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд.
Баъди ин ҳамла, Исроил дар Ғазза амалиёти густардаро оғоз кард, ки то ҳол идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво зиёда аз 53 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд. Ин вазорат гуфтааст, ки 119 ҳазору 919 нафари дигар дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки аксари қурбониён ва маҷрӯҳони ин ҳамлаҳо, занону кӯдакон мебошанд.
Русия бо 273 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст

Субҳи 18-уми май артиши Русия бо 273 паҳпод ба Украина ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар пайи ин ҳамлаҳо як зан дар вилояти Киев ҷон бохта, се каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳамаи онҳоро ба беморхона интиқол доданд.
Ба иттилои неруҳои ҳавоии Украина, аз 273 паҳпод 88 адад сарнагун шуда, 128 тои дигар "роҳгум заданд."
Дар ҳамлаи паҳподҳои русӣ асосан вилоятҳои Киев, Днепропетровский ва Донетск зарар дидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи саноат ва кишоварзӣ норозигӣ кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар чор моҳи аввали имсол 159 корхона дар кишвар аз кор мондааст. Эмомалӣ Раҳмон 17-уми май дар ҳузури аъзои ҳукумат дар ноҳияи Данғара гуфт, имсол "дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар либоси мактабӣ истеҳсол нагардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад."
Президенти Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, дар моҳҳои январ-апрели имсол 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, вале 159 коргоҳ аз кор мондааст.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон нагуфт, ки корхонаҳои муфлисшуда дар кадом бахшҳо кор мекарданд ва сабаби аз кор монданашон чист.
Пештар баъзе моликони корхонаҳо молиёт (андоз)-и баланд ва тафтишҳои зиёдро аз сабабҳои муфлисшавӣ гуфта буданд.
Тибқи омори раиси ҷумҳур, давоми чор моҳи аввали имсол истеҳсоли нахи пахта дар кишвар 10, 8 ҳазор тонна ва газворҳои пахтагин 1,3 миллион метри мураббаъ кам шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин вазъ “омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.”
Президент дар ин маҷлис ҳамчунин аз иҷро нашудани нақшаи кишти пахта ва картошка интиқод кард.
Норозигии раиси ҷумҳур дар ҳолест, ки баҳори имсол шикоятҳо аз маҷбур кардани деҳқонон ба кишти пахта зиёд садо дод. Деҳқонон аз чанд минтақаи Тоҷикистон, шикоят карданд, ки бо талаби мақомот дигар намуд зироатҳоро шудгор карда, ба ҷояш пахта кишт карданд.
Оғози амалиёти нави артиши Исроил дар Навори Ғазза

Вазири дифои Исроил аз ҳамлаи густурдаи артиши ин кишвар ба Навори Ғазза хабар додааст. Исроил Катс, шоми 17-уми май гуфт, ҳадафи ин амалиёт озодии гаравгонҳои боқимонда, зери назорат гирифтани як қисмати Ғазза ва нобудии “Ҳамос” аст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро гурӯҳи террористӣ медонанд.
Дар хабарномаи артиши Исроил омадааст, низомиёни ин кишвар дар шабонарӯзи ахир ҳамлаҳои ҳавоиро ба Ғазза сахттар кардааст.
Артиши Исроил асосан ба ноҳияҳои Ҷабалия, Дир ал-Балах ва Хон-Юнус зарба задааст.
Амалиёти нави низомиёни исроилӣ баъди анҷоми сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна оғоз шуд. Гуруҳи “Ҳамос” пешниҳоди фиристодаи вижаи Трамп дар бораи озодии 10 гаравгон бар ивази оташбаси муваққатро рад кард.
Баъди оғози амалиёти нави артиши Исроил дар Ғазза, намояндагони гуруҳи “Ҳамос” аз оғози музокироти бидуни қайду шарт дар Қатар хабар дод.
Ҷанг дар Ғазза дар ҳоле шиддат мегирад, ки коршиносони Созмони милал ҳушдор додаанд, ки бо гузашти 76 рӯз аз қатъи кӯмакҳои башардӯстона аз сӯи Исроил, хатари қаҳтии ҷиддӣ ин минтақаро таҳдид мекунад.
Трамп аз суҳбати телефонӣ бо Путин хабар дод

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи душанбеи 19-уми май бо ҳамтои русаш Владимир Путин телефонӣ суҳбат мекунад. Қарор аст, роҳбарони ду кишвар дар бораи ҷанг дар Украина гап зананд.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social навиштааст, "мавзӯи гуфтугӯ қатъи "ҳаммоми хун" аст. Ҳар ҳафта зиёда аз панҷ ҳазор сарбозони Русия ва Украина кушта мешаванд."
Баъди гуфтугӯ бо Путин, қарор аст Трамп бо раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский ва роҳбарони НАТО ҳам гуфтугӯ кунад.
Доналд Трамп умедворӣ кардааст, ки ба оташбас дар ҷанги Украина даст меёбанд.
Рӯзи 17-уми май Марко Рубио, котиби давлатии Амрико бо ҳамтои русаш Владимир Путин гуфтугӯ кардааст. Рубио ва Лавров гуфтугӯҳои Русия ва Украинаро дар Истанбул баррасӣ кардаанд.
Рӯзи ҷумъаи 16-уми май намояндагони Русия ва Украина дар шаҳри Истанбули Туркия ду соат гуфтугӯ карданд. Ду тараф натавонистанд дар бораи оташбаси 30-рӯза ба тавофуқ расанд. Чизе, ки Украина ва кишварҳои ғарбӣ бар он пойфишорӣ доранд. Ягона натиҷаи музокироти Истанбул табодули асирон дар қолаби "ҳазор бар ҳазор" эълон шуд.
Таъкиди Душанбе ва Теҳрон бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаи Афғонистон

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон дар бораи таҳаввулоти ахири минтақа ва ҷаҳон сӯҳбат намуда, бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар масъалаи Афғонистон, таъкид кардаанд.
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Аббос Ароқчӣ рӯзи 17 май дар ҳошияи "Чаҳордаҳумин маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон", сурат гирифтаст. Ин ҳамоиш рӯзҳои 18-19 май дар пойтахти Эрон, баргузор мешавад.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри хабарномае навишт, ки Сироҷиддин Муҳридди ва Аббос Ароқчӣ вазъи кунунӣ ва низ дурнамои ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Теҳронро баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо бар тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ таъкид карданд.
Хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот доир ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ва ҷаҳон, табодули назар сурат гирифтааст.
Расонаҳои Эрон ҳам навиштанд, ки дар ин мулоқот аз таҳаввулоти Ховари Миёна ибрози нигаронӣ шуда, бар зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ, ба вижа мавзуи Афғонистон, таъкид шудааст.
Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд. Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ, баҳси дигари тарафҳо буд.
Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард.
Сафарҳои мақомдорони Тоҷикистон ва Эрон аз кишварҳои якдигар, дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст.
Дар моҳи апрел вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ва дар аввали моҳи ҷорӣ Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захираҳои об, ба Эрон сафар карданд.
Вазири корҳои дохилии Эрон Искандар Муъминӣ ҳам охири моҳи гузашта аз Тоҷикистон дидан кард ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд.
Тоҷикистон ва Эрон моҳи феврали имсол раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро бекор карданд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.
Ҳалокати як афсари тоҷик дар садамаи нақлиётӣ дар марз бо Афғонистон

Як афсари 25-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи рӯзи 8-уми май рух додааст.
Як манбаъ аз Раёсати марзбонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар натиҷаи ин садама лейтенанти калон Абдураҳмони Мирзошариф, ҷон бохтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳангоми сафар ба дидбонгоҳи "Даҳана", мошини ҳомили ӯ ногаҳон аз кор мемонад ва ба ҷуқурии 200 метр сарозер мешавад.
"Лаб-лаби дарёи Панҷ сохтмони роҳ идома дорад. Дар гузашта ин минтақаҳо касногузар буд ва ҷару тепаҳои бисёр дорад. Аз самти дигар, дарёи Панҷ аст. Лейтенанти калон Абдураҳмони Мирзошариф бо як нафари дигар бо худрави тамғаи "Муссо" ба дидбонгоҳи "Даҳана", ки дар ҳамин минтақа ҷойгир аст, мераванд ва мошин аз кор мемонад. Ҳамроҳаш худро аз мошин ба берун меандозад ва ӯ ҳамроҳи мошин дар як ҷуқурии меравад, ки 200 метр будааст ва дар ҳамонҷо захмӣ шуда, мефавтад",-гуфт мусоҳиби мо.
Манбаъ афзуд, ки ҳоло тафтиши ҳодиса аз ҷониби Додситонии гарнизони ҳарбии шаҳри Кӯлоб, идома дорад.
Абдураҳмони Мирзошариф, сокини деҳаи Сармайдони ноҳияи Мӯъминобод буда, рӯзи 9-уми май дар ҳамин деҳа ба хок супурда шуд.
Яке аз сокинони деҳа рӯзи 16-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдураҳмон ҳамагӣ ду моҳ пеш издивоҷ карда буд.
Дар мавзеъе, ки садама дар онҷо рух додааст, чанд сол боз бунёди роҳ идома дорад. Чанд километр аз ин роҳ қаблан бо кӯмаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта шуда буд.
Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин як сол пеш гуфта буданд, ки бо анҷоми пурраи сохтмони роҳ, назорати сарҳад комилан ба дасти нерӯҳои марзбонӣ хоҳад гузашт. Вале то ҳол маълум нест, ки сохтмони роҳ кай ба охир мерасад.
Айни замон чанд дидбонгоҳ ва отряди сарҳадӣ ба ин минтақа кӯчонида шудаанд.
Ин аввалин ҳодисаи талафоти ҷонӣ дар миёни афсарону сарбозон дар марз нест. Мақомот пештар низ аз ҳалокати хизматчиёни ҳарбӣ дар натиҷаи садамаҳои марбут ба роҳу шароити душвори кӯҳӣ ва беэҳтиётӣ, хабар дода буданд.
Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза даҳҳо нафар ҷон бохтанд

Хабаргузории "Рейтерз" бо такя ба манбаъҳои маҳаллӣ гузориш додааст, ки бар асари ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Исроил дар рӯзи шанбе, 31 фаластинӣ дар Ғазза, кушта шуданд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле анҷом шуд, ки ба назар мерасад Исроил дар остонаи оғози як амалиёти густурдаи заминӣ дар ин минтақа қарор дорад.
Ба гузориши "Рейтерз" аз рӯзи панҷшанбе то кунун беш аз 300 нафар дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шуданд.
Артиши Исроил рӯзи шанбе эълон кард, ки дар ҳоли иҷрои амалиёти густурда ва омодасозии нерӯҳо барои густариши амалиёт дар навори Ғазза бо ҳадафи ба даст овардани бахшҳое аз ин минтақа аст.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додаанд, ки бо гузашти 76 рӯз аз қатъи кӯмакҳои башардӯстона аз сӯи Исроил, хатари қаҳтии ҷиддӣ ин минтақаро таҳдид мекунад.
Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, шумори кушташудаҳои ҳамлаҳои артиши Исроил ба 53 ҳазору 10 нафар расид. Ин вазорат гуфтааст, ки 119 ҳазору 919 нафари дигар дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза захмӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки аксари қурбониён ва маҷрӯҳони ин ҳамлаҳо, занону кӯдакон мебошанд.
Покистон дар як ҳафта 4 ҳазор муҳоҷири афғонро боздошт кардааст

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки дар ҳафтаи дувуми моҳи май, беш аз 4 ҳазор муҳоҷири афғон дар Покистон боздошт шудаанд.
Аммо ин идораи СММ дар бораи сарнавишти ин афрод, ки дар боздоштгоҳ ҳастанд, озод шудаанд ва ё ба Афғонистон бозгардонида шуданд, маълумоти мушаххасе ироа накардааст.
Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ҳамчунин мегӯяд, ки дар ҳафтаи дувуми моҳи май беш аз 34 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон бозгаштаанд.
Дар гузориши наве, ки ин идора рӯзи 16 май дар вебсайти Relief нашр кард, омадааст, ки аз оғози соли равон то 13 май, дар маҷмӯъ 507 ҳазору 300 муҳоҷири афғон аз Эрон ба Афғонистон баргаштаанд, ки аз ин миён 293 ҳазору 600 тани онҳо ба зӯр ихроҷ шудаанд.
Ҳамчунин дар як гузориши алоҳида, Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон афзудааст, ки аз аввали апрел то 13 май, 186 ҳазору 200 муҳоҷири афғон аз Покистон ба Афғонистон баргаштаанд, ки беш аз 35 ҳазор тани онҳо ба таври маҷбурӣ берун карда шудаанд.
Покистон аз соли 2023 ба ин тараф раванди ихроҷи муҳоҷирони беҳуҷҷати афғонро оғоз кардааст. Аммо ин раванд пас аз эълони ҳукумати Покистон дар бораи ихроҷи дорандагони кортҳои шаҳрвандии афғон, пас аз 1 апрели соли 2025, шиддат ёфтааст.
Бар асоси гузориши Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, аз он вақт то кунун, беш аз як миллион муҳоҷири афғон ба Афғонистон баргаштаанд.
Дар ҳамин ҳол, Эрон низ дар ду соли гузашта, ҳазорон афғонистонии беҳуҷҷатро боздошт ва ба Афғонистон бозгардонидааст.
БҶ гуфт, Саудӣ ва Қатар қарзҳои пардохтнашудаи Сурияро додаанд

Бонки Ҷаҳонӣ эълон кард, ки Арабистони Саудӣ ва Қатар қарзҳои пардохтнашудаи Сурияро, ки ҳудуди 15,5 миллион доллар буд, баробар карданд ва Сурия ҳамакнун метавонад аз ин бонк барои бозсозӣ ва таъмини буҷа, қарзҳои нав дархост кунад.
Ин ниҳоди байналмилалӣ рӯзи 16 май эълон кард, ки Сурия аз 12 май ҳеҷ қарзи пардохтнашуда ба Анҷумани рушди байналмилалӣ (Сандуқи ин бонк барои фақиртарин кишварҳо) надорад.
Арабистони Саудӣ ва Қатар моҳи гузашта аз тасмими худ барои бозпардохти қарзҳои пардохтнашудаи Сурия ба Бонки ҷаҳонӣ, хабар дода буданд.
Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи ҷаҳонӣ бо баёни ин ки, "Сурия пас аз солҳо даргирӣ, дар масири беҳбуд ва рушд қарор дорад", эълон кард, ки аввалин тарҳи ҳукумати нави Сурия, бар беҳбудӣ ва дастрасӣ ба барқ, равона хоҳад шуд.
Хабари баробар кардани қарзҳои пардохтнашудаи Сурия ба Бонки ҷаҳонӣ чанд рӯз пас аз эълони ногаҳонии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи бекор кардани таҳримҳо алайҳи ин кишвар, нашр шудааст.
Таҳримҳои Амрико дар вокуниш ба саркӯбҳои хунбори ҳукумати Башор Асад алайҳи эътирозгарон дар соли 2011 ва хушунатҳое ҷорӣ шуд, ки режими Димишқ алайҳи ғайринизомиён давоми ҷанги дохилии ин кишвар ба кор гирифт.