Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои ҳаҷ рафтан бояд 4-5 сол дар Русия кор кунам"


Рӯзи 16-уми май аввалин гуруҳи зоирини тоҷик барои адои маносики ҳаҷҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд. Имсол Арабистон барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шудаааст.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки имкони ба ҳаҷ рафтан доранд? Нархи сафари ҳаҷ то куҷо барои мардум дастрас аст? Баъзе посухҳоро инҷо хонед:

  • Ба ҳаҷ рафтан мехоҳем, аммо шароит нест
  • Қариб 60 ҳазор сомонӣ пули ҳаҷро мумкин то охири умр ҷамъ карда натавонам
  • Аввал бояд духтаронамро ба шавҳар диҳам, писарамро хонадор кунам, баъд дар бораи ҳаҷ фикр мекунам
  • Ду ҳазор сомонӣ маош мегирам, қарзи бонк медиҳам, ба ҷамъ кардан намерасад
  • Ман хоҳиши ба ҳаҷ рафтан надорам. Модарам орзу дошт ӯро фиристодам. Аммо худам ҳаваси рафтан надорам
  • Ман дар Русия муҳоҷир ҳастам, пули ҳаҷро шояд дар 4-5 сол пайдо кунам
  • Ҳаҷ яке аз панҷ рукни Ислом аст, вақте қудрату тавон дорӣ рафтан даркор аст. Дар баробари ин ягон ободӣ кунӣ, вай садақа ҳисоб мешавад. Роҳи садақа ҷудо ва роҳи ҳаҷ ҷудо аст

Видеоро дар инҷо бинед:

Пурсиш аз сокинон: имкони ба ҳаҷ рафтан доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00
XS
SM
MD
LG