Намояндагони тими "Равшан" қарори Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА)-ро дар бораи манъи хариди футболбозони нав ноодилона номиданд. Сомонаи ФИФА хабар дод, ки гузариши футболбозон ба дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ба муҳлати се марҳила ё равзанаи тарансферӣ манъ шудааст.
Қабули ин қарор ба баҳс миёни бошгоҳи “Равшан” ва собиқ бозигари даста – нимҳимоятгари 33-сола аз Ғано Дэвид Мавутор марбут аст. Вай қаблан аз болои даста ба Палатаи ҳалли баҳсҳои ФИФА (DRC) шикоят бурда буд.
Моҳи марти соли равон Палатаи ФИФА даъворо асоснок шуморида, ба нафъи бозигар қарор содир намуд, ки дар он бошгоҳи “Равшан” ба пардохти қарз уҳдадор шуд.
Чун маблағҳои зикршуда дар муҳлати муқарраргардида пардохт нашудаанд, ФИФА дастаро ба муҳлати се равзанаи трансферӣ муҷозот кард. То замони иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ ва пурра бекор шудани таҳрим, дастаи “Равшан” дар ин давра бозигарони нав қабул карда наметавонад.
Бинобар ин даста уҳдадор аст, ки дар фурсатҳои кӯтоҳтарин баҳс бо Дэвид Мавуторро ҳал кунад, то ки таҳрим тезтар лағв гардад. Дар акси ҳол, муҳлати манъи қабули бозигарони нав метавонад тамдид карда шавад.
Аммо ба гуфтаи раҳбарияти бошгоҳи “Равшан”, Мавутор ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задааст. Вай дар дасташ ду қарордод доштааст. Ӯ аз якумаш даст кашидааст, зеро ба маблағи он розӣ набудааст.
Дуюмашро ба имзо расонида, тибқи он Мавутор ҳамаи маблағҳои муқарраршударо гирифтааст. Қарордоди якумро бошад, бо санаи пешина имзо карда, онро ба гурӯҳи ҳакамон (арбитраж)-и ФИФА фиристодааст, ки гӯё мувофиқи он бояд ба ӯ маблағ пардохт шавад.
Даста дар навбати худ нисбати қарори ФИФА арзу шикоят пеш оварда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин мактуб бо имзои худи Мавуторро, ки дар он гуфта мешавад, даста ба футболбоз ҳамаи маблағҳоро пардохт намудааст ва ягон даъво нест, фиристодааст.
Намояндагони дастаи “Равшан” 20-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба тасмими ФИФА розӣ нестанд. Як намояндаи ин тим гуфт, Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) бо вуҷуди доштани ҳуҷҷату далел аз футболбозон пуштибонӣ мекунад. Ҳоло даста тасмим гирифтааст, ки аз болои ин қарор шикоят барад. Раҳбарияти даста гуфт, ки онҳо аз Дэвид Мавутор, футболбози собиқашон қарздор нестанд.
Ба гуфтаи раҳбарияти "Равшан", онҳо сабтҳои видеоии додани пули шартнома ва имзоҳои ӯро дар даст доранд. Намояндагони тим гуфтанд, бо ҳамин далелҳо роҳбарияти даста шикоят хоҳанд кард.